АфғонистонВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ИЗҲОРОТИ КДАМ ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАҲОИ ЯЗГУЛОМ: ДУ ТЕРРОРИСТ КУШТА ШУД

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 26 апрели соли равон 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ғайриқонунӣ убур намуд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2  тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад.

Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд.

ФАВРӢ! АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ДАР ЯЗГУЛОМ: ДУ КАС “БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД”, ЧОР КАСИ ДИГАР ФИРОР КАРД (АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Шаби 25 ба 26 апрели соли 2023 дар қаламрави ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ба зидди аъзои як гуруҳи силоҳбадаст, ки аз қаламрави Афғонистон вориди ин минтақаи Тоҷикистон шудаанд, шурӯъ шудааст. Ин амалиёт бо ҷалби нирӯҳои “Алфа”, ОМОН, СОБР  таҳти роҳбарии сардори РВКД ВМКБ генерал Шариф Назарзода то ҳол идома дорад.

Як сокини Язгулом, ки аз ҷараёни ин амалиёт огоҳӣ дорад, рӯзи 26 апрел ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки аз дили шаб аз тарафи як дара дар наздикии деҳаи Мотравн, ки аз Будун, маркази ҷамоати Язгулом тақрибан 7 километр дуртар аст, садои тирпарронии беист меомад.

Бино ба иттилои дарёфтии ин ҳамсуҳбати “Бомдод”, дар натиҷаи ин амалиёт 2 нафар аз силоҳбадастон “безарар гардонида шуданд”, вале 4 тани дигар фирор кардаанд.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” афзуд:  “Ба шуниди ман, ҳолати кор ин хел будааст, ки рӯзи иди Рамазон аз соҳили дарёи Панҷ 2 камераи балони мошин, як сумка тир ва миқдоре маводи таркандаи тротил ёфтаанд. Аз Афғонистон тавассути ҳамин камераҳо гузаштаанд, вале маълум нест, чаро камераҳо ва тиру тротилро дар ин тарафи марз партофта рафтаанд. Ба маълумоти мақомот, дар умум гӯё 6 нафар силоҳбадаст аз Афғонистон ба ин тараф гузаштаанд ва  ду нафараш тоҷику чор тани дигараш аз Афғонистон будаанд. Ҷустуҷӯи онҳо 5 рӯз давом кард ва билохира, шаби 25 апрел пинҳонгоҳашонро дар як дара дар тарафи деҳаи Мотравн ошкор карданд ва амалиёт сар шуд. Гуфтанд, ки ду касро куштанд, вале ба 4 нафари дигар муяссар шудааст, ба тарафи кӯҳҳои атроф фирор кунанд. Амалиёт то ҳол идома дорад ва дар роҳи тарафи Мотравн техникаи ҳарбӣ ва нирӯҳои вижаи мусаллаҳ зиёд дида мешаванд”.

Дар аксҳое, ки дар Язгулом дар байни мардум чарх мезананд ва “Бомдод” низ дар аввали ин мақола нашрашон кард, камераҳо ва маводи таркандаИ дар лаби дарё ёфтшуда дида мешаванд.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” аз қавли манобеи худ дар мақомот гуфт, ки гӯё аз пинҳонгоҳи онҳо парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пайдо шудааст ва ҷангҷӯён ҳам саропо мусаллаҳ буда, дар тан либоси камуфляжи рангаш сиёҳ ва дар пешониашон латтаҳое бо навиштаи “Ансоруллоҳ” доштаанд.

Созмони тундрави мазҳабии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки онро “Толибони Тоҷикистон” ҳам меноманд ва фаъолияташ дар Тоҷикистон расман манъ карда шудааст,  тақрибан соли 2006 аз ҷониби Амриддин Табаров ном як зодаи ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҷанговарони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукуматро напазируфтанд, ташкил шуд.  Ин гуруҳ соли 2010 аз худ бо як ҳамлаи маргталабона ба бинои УБОП дар Хуҷанд дарак дод. Мақомоти Тоҷикистон ошӯбҳои мусаллаҳонаи солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар Тавилдара ва Раштро низ кори дасти “Ансоруллоҳ” меноманд.

Соли 2015 асосгузори “Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров дар Афғонистон кушта шуд ва раҳбарии ин созмонро писараш Муҳаммад Шарифов, мулаққаб ба Маҳдӣ Арсалон ба даст гирифт. Маҳдӣ Арсалон ва афродаш аз тарафи ҷунбиши Толибони Афғонистон меҷангиданд ва баъди ба дасти Толибон афтодани ҳукумати Афғонистон, бино ба хабарҳо, режими Толибон назорати қисматҳое аз марзи Бадахшони Афғонистон бо Бадахшони Тоҷикистонро ба гуруҳи Арсалон супурда буданд.

Ҷамоати Язгулом дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст.

Тавре ба назар мерасад, ин нахустин кӯшиши убури гуруҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аз замони дар он сӯи дарё ба қудрат расидани ҳаракати тундрави Толибон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button