ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ҶАВОНЗАНИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “ЛУГОНГ” ДАР ДАНҒАРА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимашаби 25-уми апрели соли 2023, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Рузиев Неъматулло Ҳисайнович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи сохтмонаш нотамоми хокии бе ягон аломати ишоракунандаи роҳ, аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Меҳтар, ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара, дар қисмати тарафи чапи қафои борбардор ё погрузчики тамғаи “Лугонг”, ки таҳти идораи ронанда, Раҳимов Диловаршо Соҳибхонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кӯлоб,  аз самти деҳаи Меҳтар ба самти маркази ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири “Опел-Астра”, Ёдгорова Дилором Мирзоевна, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид ва мусофирони дигари ин мошин  Рузиев Ҳисайн Рузиевич, соли таваллудаш 1965, ва Боймуродова Малоҳат Матхоновна, соли таваллудаш 1966, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button