ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

САФАРИ МУОВИНИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ АМРИКО БА ҚИРҒИЗИСТОНУ ТОҶИКИСТОН

Ёвари котиби давлатии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи марказӣ Доналд Лу тайи рӯзҳои 22-27 апрели соли 2023 дар раъси як ҳайъати расмии кишвараш аз Қирғизистон ва Тоҷикистон боздид мекунад. Департаменти давлатии Амрико рӯзи 21 апрел дар иттилоияаш гуфт, ҳайъати таҳти раҳбарии Доналд Лу дар Бишкек ва Душанбе барои таҳкими натиҷаҳои, ба ақидаи Вашингтон, комёби сафари моҳи феврал ва марти котиби давлатии Амрико Жнтони Блинкен ба Осиёи Марказӣ талош варзида, доираи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ мекунад. Дар Вашингтон муътақиданд, ки ин сафар ба таҳкими равобити минтақавӣ барои бунёди Осиёи Марказии боз ҳам шукуфотар ва ҳамбастатар мусоидат хоҳад кард.

Дар низоми сиёсии давлати Амрико департаменти давлатӣ нақши вазорати корҳои хориҷиро иҷро мекунад ва мақоми ёвари котиби давлатӣ баробари муовини вазири корҳои хориҷист.

Доналд Лу аз Қирғизистону Тоҷикистон, ду кишваре боздид мекунад, ки дар ин авохир ба далели баҳсҳои марзии ҳалношуда як даврони пуртанишеро дар равобити худ паси сар мекунанд ва дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ин ду кишвар дар ду соли охир аз ҳарду тараф ҳудуди 240 кас кушта ва наздики 750 нафар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои расмии департаменти давлатӣ, дар Бишкек ёвари котиби давлатӣ Лу бо мақомоти баландпояи ҳукумати Қирғиҳистон масоили марбут ба равобити дуҷонибаро, ки моҳи март дар машваратҳои дутарафаи солонаи Амрикову Қирғизистон матраҳ шуда буданд, баррасӣ мекунад. Доналд Лу дар Бишкек ҳамчунин бо фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ а соҳибкорони пешсаф масоили марбут ба роҳҳои беҳтари кумакҳои Амрико ба руҳди иқтисоди Қирғизистон, тавсиаи имконоти иқтисодӣ барои занон, ҳуқуқи инсон ва озодии матбуотро баррасӣ мекунад.

Доналд Лу баъди Бишкек ба Душанбе раҳсипор шуда, бо мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон масоили марбут ба амиқтра крадани ҳамкориҳои Амрико бо ин кишвар ва масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаи амниятро баррасӣ мекунад. Департаменти давлатӣ гуфт, ёвари котиби давлатии Амрико дар Душанбе “бо мақсади таъкид ба аҳамияти озодии матбуот ва зарурати ҷомиаи шаҳрвандии қавӣ” ҳамчунин бо намояндагони матбуот ва ҷомиаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

 “Дар ҷараёни боздидҳои худ аз Бишкек ва Душанбе, ёвари котиби давлатӣ Лу ба пойбандии тағйиронопазири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба истиқлол, якпорчагӣ ва мустақилияти Қирғизистону Тоҷикистон таъкид хоҳад кард”, – таъкид шудааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Остона нишасти навбатии котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ва вазирони хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар чорчӯби С5+1 доир шуд. Ин нишастҳо дар чорчӯби С5+1 аз соли 2015 ба ин тараф бо мақсади таҳкими равобити Амрико бо кишварҳои ин минтақа доир карда мешаванд.

Осиёи Марказӣ аз сӯи Маскав як минтақаи нуфузи таърихии Русия шумурда мешавад ва дар Кремл ба фаъолияти кишварҳои дигар, бахусус кишварҳои Ғарб, дар ин паҳно бо рашки рӯирост муносибат мекунанд. Вале бо вуҷуди ин, Амрико ҳанӯз аз солҳои 90 ба як донори асосии кишварҳои ин қаламрав дар бахши ироаи кумакҳои бебозгашту ёриҳои башарӣ табдил ёфта, дар солҳои охир мақоми сармоягузор ва қарздиҳандаи №1-и давлатҳои Осиёи Марказиро Хитой ба дасти худ даровардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ватандӯсти асил Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури муҳоҷир аз Ҳамадонӣ гуяд:

    Сафарҳои бенатиҷа: эмомалӣ раҳмон зиндониҳои сиёсӣ, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, фаъолони шаҳрвандӣ, варзишгарон, муҳоҷирон, занон ва ғайраро аз зиндонҳо озод кунед! Аз путин “гилла” кардӣ, ки вазиратро барои форуми бадбахт даъват мекунем, муовини дуввуму севвумаш меояд, бубин сафари намояндагони воломақому поёнмақоми ғарбӣ, ҳатто ҷаҳони арабу исломӣ ҳам ба Тоҷикистон кам шудаанд, чаро??? Чунки зиндонҳо пур шудааст, зулму ситам зиёд шудааст….

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button