МуҳоҷиронЧеҳраҳо

СИТОРАИ ТИК-ТОК ДИНА САЕВА СОҲИБИ ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ ШУД

Блогери 24-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева (Мадина Басаева), ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, дар саҳифааш дар Инстаграм бо нашри як акс хабар дод, ки соҳиби шиносномаи хориҷии Тоҷикистон шудааст. Дар аксе, ки ӯ рӯзи 14 апрели соли 2023 дар Инстаграм нашр кард, Дина Саева дар маркази Душанбе шиносномаи хориҷии хокистарранги тоҷикӣ дар дасташ сабт шудааст.

“Ro+Dina”, – кӯтоҳ навиштааст ӯ дар зери ин акс.

Гуфтанист, ки Дина Саева дар Инстаграм 7,5 миллион обуначӣ дорад ва шумораи пайравонаш дар Тик-Ток ба 19 миллиону 300 ҳазор нафар расидааст!

Дина Саева 24 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия 24 августи соли 1999 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст ва ҳанӯз дар айёми кӯдакиашон ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.

Дар тобистони соли 2021 Дина Саева хабар дод, ки бо масъалаи шаҳрвандии русиаш мушкил пайдо кардааст ва дар пайи ҷустуҷӯи як адвокати хуб барои ҳимояти манфиатҳояш мебошад.

Дина Саева шарҳ надод, ки дар масъалаи шаҳрвандиаш чӣ мушкил ва бо кадом сабаб пеш омадааст?, вале аз мухлисонаш хост,  ки агар муддате ғайб занад, нигарон набошанд.

“Барои ман ҷолиб аст ин эҳсос, ки туро чӣ гуна метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд?” – гуфта буд ӯ.

Баъди ҳамлаи низомии Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримот ба зидди Русия бисёре аз шахсиятҳои шинохтаи  ин кишвар ба хотири сафарҳои бидуни мамониат ба хориҷ шиносномаи русии худро бо шиноснома ва шаҳрвандии кишварҳои дигар иваз карданд. Аз ҷумла блогери машҳури рус Иля Варламов ахиран хабар дод, ки соҳиби шаҳрвандӣ ва шиносномаи Туркманистон шудааст. Азбаски шиносномаи хориҷии Тоҷикистон танҳо ба шаҳрвандони ин кишвар дода мешавад, ин ба маъноест, ки Дина Саева низ шаҳрвандии Тоҷикистонашро барқарор кардааст.

Дина ҳамагӣ чанд сол пеш дар McDonald’s пешхидмат буд ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб сар карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ду сол пеш  ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекард.

Дина Саева  солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд.  Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.

Моҳи апрели соли 2021 Дина Саева зоҳиран мехост ҳангоми пахши мустақим худкушӣ кунад, вале модару хоҳараш сари вақт дари ҳуҷраи ӯро кушода, аз ин роҳ Динаро баргардонданд. Аммо бархе ин худкуширо саҳнасозишуда мешуморанд ва мегӯянд, ҳадафи Дина Саева аз нав зинда кардани таваҷҷуҳ ба шахси худаш ва бо ин роҳ дубора гарм кардани бозораш буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Офарин, Мадина!
    Ӯ метавонист бо ин муваффақияташ шаҳрвандии дилхоҳ кишварро ба даст биорад, аммо Тоҷикистонро кам ҳисоб накард, аҳсант!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button