ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ШАРҲИ ВКД ДАР БОРАИ СӮХТОР ДАР ВАҲДАТ: 86 ҲАЗОР СОМОНӢ ЗАРАР РАСОНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2023 хабари сӯхтор дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Ваҳдатро тасдиқ кард ва гуфт, ин сӯхтор ба сокинон ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ зарар расонд.

ВКД гуфт, сӯхтор шаби 15 ба 16-уми апрели соли 2023, соати 00:49, дар ошёнаи 6-уми бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Эрҷигитови шаҳри Ваҳдат ба амал омад.

“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати тақрибан 450 метри мураббаъ болопӯши бинои истиқоматӣ (мансарда)-ро оташи кушод ва дуди ғализ фаро гирифта, хафви бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар қисматҳои бино ба миён омада буд. Аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД роҳҳои паҳншавии оташ фавран дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ-оташнишонӣ ба кормандони хадамоти оташнишонӣ муяссар гардид, ки сӯхторро дар соати 03:53-дақиқа дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомуш намоянд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

ВКД гуфт, хушбахтона, аз сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст ва фавти одамон низ ба қайд гирифта нашудааст, вале мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, маблағи зарар аз сӯхтор 86 000 сомониро ташкил медиҳад.

ВКД гуфт, таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи мутахассисон идома дорад. Ин ниҳод дар иттилоияаш дар бора сабаби сӯхтор чизе нагуфтааст, вале “Азия Плюс” аз қавли мақомоти хадамоти оташнишонӣ хабар дод, ки бино ба хулосаҳои муқаддамотӣ, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз манзилҳои ин бино ба амал омадааст.

Дар навори аз ҷои ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки алангаи оташ дар қабати бинои шашошёна аз як манзил ба манзили дигар гузашта, ҳамаро ба коми худ кашидааст ва пас аз сӯхтор дар хонаҳои сокинони зарардида тақрибан чизе боқӣ намондааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон бар асари сӯхтор даҳҳо хонаву мағоза ва корхонаву бозорҳо ба коми оташ мераванд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1262 ҳодисаи сӯхтор ва дар як соли қабл 1196 чунин ҳодиса рух дода, соли гузашта боиси ҳалокати 19 нафар гардида ва як соли пеш 10 кушта ба ҷо гузоштааст. Маблағи зарари сӯхтор дар соли 2022 дар умум  58 миллиону 716 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 5 миллион долларро ташкил додааст.

Мақомот расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ва таркидани балонҳои газро аз сабабҳои умдаи сӯхтор дар Тоҷикистон меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button