ВидеоКоррупсия

СЕ КОРМАНДИ МАСЪУЛИ ЯК МУАССИСАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ЯКУНИМ МИЛЛИОНРО “АЗ ОНИ ХУД” КАРДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2023 аз ифтитоҳи парванда ба зидди се корманди масъули Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи беш аз якуним миллион сомонӣ аз фонди маоши ин корхона хабар дод.

Худи муттаҳамон барои шарҳи қазия ҳанӯз дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентӣ мегӯяд: “Шукурова Фирӯза Пулатовна дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ Худогуева Гулбаҳор Халифаевна ва муҳосиби молии муассисаи мазкур Муҳамадраҳимова Зебогул Муҳамадиевна зимни фаъолияти кориашон бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задаанд.   Чунончи, номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1540703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормандони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд”.

Агентӣ тафсилоти дигар наовардааст, вале хабар додааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шукурова Ф.П., Худогуева Г. Х. ва Муҳамедраҳимова З.М. бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 4, банди «б» (аз они худ кардани маблағҳои давлатӣ ба маблағи махсусан бузург) ва моддаи 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Ба онҳо барои тасарруфи маблағҳои махсусан бузург  ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда+ 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Ҷазо барои сохтакории хидматӣ сабуктар аст: ҷарима ба андозаи аз 250   то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он.

Сохторҳои вазорати тандурустӣ яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Сокинон низ аз он шикоят мекунанд, ки ҳоло бидуни пардохти маблағ дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии кишвар тақрибан номумкин шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button