ВидеоДин ва боварҳо

РАСМАН: ИДИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН 21 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД, НА 22 АПРЕЛ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2023 дар ҷаласаи худ масъалаи муайян намудани рӯзи иди Рамазон (иди Фитр)-ро баррасӣ карда, ба қароре расид, ки иди Фитр дар Тоҷикистон мисли аксари кишварҳои дигари мусалмоннишин рӯзи ҷумъаи 21 апрел таҷлил шавад. Дар тақвими аввалаи Шӯрои уламо 22 апрел ҳамчун рӯзи ид нишон дода шуда буд.

Бино ба гузориши маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, дар оғози ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, ки ӯро бештар муфтии Тоҷикистон ном мебаранд,  аъзои Шӯроро ба муносибати фарорасии иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфта, хабар додааст, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21 апрел рост меояд”.

Аъзои Шӯрои уламо 21 апрелро ба ҳайси рӯзи таҷлили иди саиди Фитр пазируфта, ҳамчунин қарор кардаанд, ки намози ид дар ҳамаи масҷидҳои ҷумҳурӣ соати 06:30 субҳи 21 апрел  баргузор карда шавад.

“Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шуданд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”.

Моҳи шарифи Рамазон, ки барои мусалмонон моҳи рӯзаву намоз ва мағфирати гуноҳҳо  шумурда мешавад, 23 марти соли 2023 оғоз ёфт ва имсол 29 рӯз давом кард.

Тасмими таъйини 21 апрел ба сифати рӯзи ид дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксари кишварҳои мусалмоннишини нияти рӯзи ҷумъаи 21 апрел ид карданро доранд, вале дар бархе кишварҳо ҳанӯз дудила ҳастанд, ки 21 апрел ид кунанд ё 22 апрел?

Шӯрои уламо қабл аз шурӯи моҳи Рамазон фитри рӯзаро сари ҳар узви оила барои мардуми оддӣ 7 сомонӣ ва барои мардуми доро 80 сомонӣ муқаррар карда, фидяи савмро барои онҳое, ки бо як далели узрнок рӯза гирифта наметавонанд, барои 30 рӯзи моҳи Рамазон 420 сомонӣ муқаррар карда буд.

Ҳамин тавр, бар асоси қарори Шӯрои уламо нисоби закот низ муайян шуд ва гуфта шуд, ки мусалмононе, ки дороияшон аз 32 ҳазору 300 сомонӣ, ё тақрибан 3 ҳазор доллар бештар аст, бояд закот бисупоранд. Закот аз 32 ҳазору 300 сомонӣ дар ҳадди 800 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар умум, ба ҳисобҳои ҳозира, закоти мол тақрибан 2,5 фоиз, ё аз 40 як ҳисса аз ҷамъи дороиҳои воҷибулзакотро ташкил медиҳад. Мусулмонон бояд ҳар сол як маротиба барои тоза кардани моли худ аз ҷамъи дороиҳояшон закот бисупоранд. Закот асосан ба мардуми нодор ва эҳтиёҷманд супорида мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button