ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБИИ МӮСАФЕДИ 60-СОЛА, ДУЗДИИ ЛИБОС АЗ БОЗОРИ ҲУЛБУК ВА ГОВДУЗДӢ ДАР БАЛҶУВОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18.04.2023

Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 60-сола

25

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2021, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, марди 60-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”-ро ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо номбурда аз ин маблағ 45 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 80 ҳазор сомониро барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду мард бо ҷурми дуздӣ

155

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 7-уми апрели соли 2023, тахминан соати 08:00, ҳангоми дар бозори “Ҳулбук” буданаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди дӯконаш як миқдор ашёҳо ва либосҳои занонаву кӯдаконаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Балҷувон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳ 1-сар чорвои калони шохдори марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button