ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН: АЗ 19 ТО 22 АПРЕЛ ТОҶИКИСТОНРО ХОКБОРИШ ЗЕР МЕКУНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 18 апрели соли 2023 бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки дар шабонарӯзи наздик дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ҷанбу ва маркази Тоҷикистон, аз ҷусла дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритӯс, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Румӣ, Вахш, Данғара, Восеъ ва шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвону шаҳрҳои Норак, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва Душанбе, ҳамчунин дар қисмати ҷанубии вилояти Суғд Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент) ба делил омилҳои метеорологӣ, яъне чангбоде, ки тавассути минтақаҳои ҷанубуғарб, ҷануб ва ҷанубушимоли ҷумҳурӣ ворид шудаанд, ба чангу ғубор олуда шудани ҳаво пешбинӣ карда мешавад. Ҳавошиносон мегӯянд, хокбориш дар Тоҷикистон аз 19 апрел камаш то 22 апрел давом мекунад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, дар ин рӯзҳо ба нафарони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд ва фишори хун таваҷҷуҳи бештар нишон диҳанд.

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон низ бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳо ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми

навбатдории КҲФ:

223-13-11;

93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73;

225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05;

2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60;

2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57;

2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72;

5-15-55.

ЗАНГ ЗАНЕД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button