ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

“ГУНОҲЕ НАДОШТ, ЯК РОНАНДАИ ОДДӢ БУД…” БОЗДОШТИ ОХИРИН БАРОДАРИ ТОЛИБ АЁМБЕКОВ

Рашид Аёмбеков, бародари Толиб Аёмбеков, фармондеҳи собиқи мухолифин дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин вилоят, боздошт шудааст.

Манобеи радиои Озодӣ рӯзи 18 апрели соли 2023 гуфтанд, ки Рашид Аёмбековро кормандони милиса рӯзи 14-уми апрел дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми берун шудан аз ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт кардаанд.

Ҳанӯз мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ надодаанд. Як тан аз наздикони Рашид Аёмбеков рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад.

“Аз се бародари ӯ фақат ҳамин бародари дуюмаш, дар озодӣ буд. Дар маҷмӯъ аз ин оила 9 нафар дар зиндон ҳастанд,”—гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Наздиконаш мегӯянд, Рашид Аёмбеков ҳеч гуноҳе надошт ва як ронандаи оддӣ дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” буд.

Толиб Аёмбеков, бародари як фармондеҳи машҳури мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаби Алёша Горбун, баъди кушта шудани Горбун фармондеҳии ҷанговарони ӯро ба дасти худ гирифт ва дар пайи имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин дар соли 1997 фармондеҳи як қисми нирӯҳои марзбонӣ дар Бадахшон таъйин ва соҳиби рутбаи сарҳанг (полковник) шуд.  Толиб Аёмбеков баъди чанд сол аз хидмати ҳарбӣ канор рафт, вале нуфузашро дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳифз кард ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафт.

Соли 2012 мақомот масъулияти қатли генерал Абдулло Назаров, сардори онвақтаи раёсати КДАМ дар вилояти Бадахшонро ба гардани Толиб Аёмбеков ва нафарони ӯ бор карданд ва бо ҷурми қатли ин генерал бародари ӯ Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродов ҳамон вақт дастгир ва мутаносибан ба 16 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд.

11 июни соли 2022, дар пайи бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ саркӯб кардани мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон мақомот ин дафъа  худи Толиб Аёмбеков ва ба дунболи ӯ фарзандону хешу табори наздики ӯро бо иттиҳоми даст доштан дар “ҷиноятҳои махсусан вазнин”, ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват дастгир карданд.

Бо ҳукми додгоҳ, Толиб Аёмбеков ва писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов ба ҳабси умрбод, ду писари дигараш  Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ба 20 сол ва Маҳмадалӣ Айёмбеков ба 29 соли зиндон маҳкум гардида, бародаронаш Оқилу Аноятшо Айёмбековҳо ҳарду  30 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Бародарзодааш Мамадамон Айёмбеков низ 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Оқил Аёмбеков дар ҳоле ба 30 соли зиндон маҳкум шуд, ки аз соли 2012 ба ин тараф алакай 11 сол боз дар паси панҷара қарор дорад.

Соли 2022 дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Бадахшон беш аз 30 нафар кушта ва ҳудуди 200 тани дигар дастгир шуданд. Мақомот онҳоро “аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” меномад ва мегӯяд, ки ошӯбгарони Бадахшон бо дастури “гуруҳҳои террористӣ” аз хориҷ амал мекарданд. Манзури мақомот аз ин “гуруҳҳои террористӣ” созмонҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупостю

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ва саркӯби бераҳмонаи эътирозҳои осоишта дар Помир айбдор мекунанд ва пайваста аз Душанбе талаб доранд, ки ба таъқиби фаъолони Бадахшон  ва наздикони онҳо нуқта гузорад.

Аксари аҳолии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фарқ аз аксарияти кулли боқӣ манотиқи Тоҷикистон, пайрави равияи исмоилии мазҳаби шиъа буда, бо забонҳои помирӣ ҳарф мезананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Аз “мухторият” ҳеч рангу бӯйе намонд!
    Вилояти номухтори кӯҳистони Бадахшон!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button