ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ З.М., ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дар ноҳияи Аламудуни вилояти Чуй дар шимоли Қирғизистон як шаҳрванди сисолаи Тоҷикистонро бо гумони узвият дар созмони байналмилалии террористӣ дастгир кардаанд.  Дар ин бора 17 апрели соли 2023 хабаргузории расмии Қирғизистон “Кабар” бо такя ба раёсати корҳои дохили вилояти Чуй хабар дод. Ноҳияи Аламудун дар канори Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҷойгир шуда, мисли ноҳияи Рӯдакӣ, ки Душанберо аз чанд тараф иҳота кардааст, ноҳияи Аламудун низ Бишкекро аз чор тараф печондааст.

Худи дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи вилояти Чуй мегӯяд, кормандонаш муайян карданд, ки дар деҳаи Лебединовка, маркази маъмурии ноҳияи Аламудун шаҳрванди Тоҷикистон З.М., соли таваллудаш 1993, ки қаблан бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи давлатии Қирғизистон маҳкум шуда буд, ба сар мебарад.

 “Бино ба маълумоте, ки аз ҳамкоронамон аз кишвари ҳамсоя ба даст овардем, З.М. чандин бор барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва узви созмони байналмилалии террористист”, – гуфтаанд дар милитсияи вилояти Чуй.

З.М. дастгир шуда ва ҳоло дар тавқифгоҳ қарор доштааст. Ҳамзамон маълум шудааст, ки ӯ то кунун ҷаримаи таъйиншуда дар парвандаи убури ғайриқонунии марзро насупурдааст. Ба ин далел ҳукми ҷаримаи ӯро ба ҳукми зиндон иваз кардаанд.

Дар бораи ин ки оё масъала ба Тоҷикистон истирдод кардани З.М. низ баррасӣ мешавад ё на?, дар иттилоия чизе гуфта нашудааст.

Қарори маълум, солҳои охир равобити Тоҷикистону Қирғизистон даврони мушкилеро паси сар мекунанд ва ин мушкилот ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар низ бетаъсир нест. Равобити ин ду кишвари ҳамсоя бахусус баъди муноқишаҳои хунини моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022, ки аз ҳарду тараф тақрибан 240 кушта ва беш аз 700 захмӣ ба ҷо гузошт, боз ҳам печидатар шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button