ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

САРДУХТУР МЕГӮЯД, БАРОИ ҲАР БЕМОР ҲАМАГӢ АЗ 95 ДИРАМ ТО ЯК СОМОНӢ ҶУДО КАРДААНД

Сардухтури ноҳияи Дӯстӣ Сайдулло Малайзода гуфтааст, ки аз буҷаи ноҳия барои харидани дорувор ҳамагӣ 29 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд, ки ин ба сари ҳар бемор аз 95 дирам то як сомонӣ рост меояд.

Дӯстӣ: Сардухтур рост мегӯяд, ё сардори Раёсати молия?

“Фараж”

Маблағгузории кам барои харидании ғизо ва доруи беморон аз буҷети маҳалии ноҳияи Дӯстӣ масъулони беморхонаи марказии ноҳияи мазкурро нигарон кардааст, аммо масъулони Раёсати молияи ноҳия гуфтанд, ки маблағгузорӣ дар ин самт сол то сол бештар шудааст.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ Малайзода Сайдулло, зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, соли 2022 аз ҳисоби буҷети ноҳия барои хариди  дорувории беморон аз ҳисоби буҷети ноҳия ҳамагӣ 29 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки ба ҳар бемор дар як рӯз хеле кам, яъне 95 дирам то 1 сомонӣ, рост меомад.

Ҳамчунин, номбурда бо нигаронӣ афзуд, ки барои харидани ғизои беморон соли гузашта  аз буҷети ноҳия 29 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида буд, ки ин кифоя нест, зеро дар як рӯз барои ҳар бемор 1 сомониву 20 дирам рост меояд.

“Камаш 300-400 ҳазор сомонӣ бояд барои доруворӣ  ҷудо карда шавад, зеро соли гузашта барои як беморамон мо 40 ҳазор сомонӣ масраф кардем ва ҳоло беморхона аз  Маркази хуни вилоят 35-40 ҳазор сомонӣ ва аз дорухонаи №4-и шаҳри Бохтар 10 ҳазор сомонӣ қарздор аст”.

Сартабиби беморхона иттилоъ дод, ки  имсол барои дорувории беморон аз ҳисоби буҷети ноҳия бо талошҳои  зиёд ҳамагӣ  75  ҳазор сомонӣ ба нақша гирифтанд. Аз ин маблағ дар се моҳи соли 2023-юм 10 ҳазор сомонӣ барои харидани плёнкаи рентген ва хлор гирифтанду халос.

– Барои хурокворӣ бошад имсол 35 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шудаст, ки ин  кифоя нест.  Дар ноҳия ҳамагӣ 420 кат мавҷуд аст, ки аз ин 120 каташ дар беморхонаи марказӣ аст. 40 дарсади маблағҳои қарори 600-ро барои хариди доруворӣ ҷудо мекунем, аммо, мутаассифона, дар беморхона  беморон бистраӣ намешаванд, бемор кам аст. Зеро дар се моҳи соли ҷорӣ иҷроиши қарори 600 дар ӯмум  25 фоиз иҷро шудасту халос, – қайд кард Малайзода Сайдулло.

Аммо сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Самадзода Сайднизомиддин,  гуфтаҳои сардухтури беморхонаи марказиро рад карда гуфт, дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети ноҳия дар умум барои соҳаи тандурустӣ 539 ҳазору 307 сомонӣ ва хӯрокворӣ 50 ҳазору 500 сомонӣ ба нақша гирфита шуда буд, ки он пурра маблағугузорӣ шуд.

– Аз ин маблағҳо  барои харидории доруворӣ ба  беморхонаи марказӣ  102  ҳазору 030 сомонӣ ва 29 ҳазор барои ғизо ба нақша гирифта шуда буд, – афзуд номбурда.

Ба иттилои ӯ, дар соли 2023  барои харидории доруворӣ ба соҳаи тандурустӣ дар  буҷети ноҳия дар ҷамъ  603 ҳазору 700 сомонӣ  ва барои хурокворӣ 54 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин маблағ 177 ҳазор  барои хариди дорувории беморхонаи марказӣ ва 35 ҳазор барои ғизои беморон ба нақша гирифта шудааст, ки танҳо барои доруворӣ 25 ҳазору 500 ҳазор маблағгузорӣ шудааст.

Суоли матраҳ ин аст, ки сардухтури беморхона рост мегӯяд, ё сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button