ВидеоКоррупсияРӯйдодҳои Бадахшон

РАИСИ ҶАМОАТИ ҚОЗИДЕҲРО ДАР ИШКОШИМ БАРОИ ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲО ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи ноҳияи Ишкошим бо ҳукми худ аз 18 марти соли 2023 Зеваршоҳ  Карамшоев, раиси ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ин ноҳияро бар асоси қисми дуюми моддаи 245, бандҳои “а” ва “г” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар батакрор аз они худ кардани маблағҳо бо истифода аз мансаб ва сохтакории хидматӣ гунаҳкор шинохта, ӯро ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10200 сомонӣ (беш аз 900 доллар) ҷарима баст. Карамшоев ба тасарруфи ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷаи ҷамоати Қозидеҳ гунаҳкор дониста шуд.

Худи ӯ барои шарҳи қазия дастрас нест, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 апрели соли 2023 дар шарҳи ин парванда хабар дод, ки “шаҳрванд Карамшоев Зеваршоҳ Муборакшоевич, ки тибқи қарори маҷлиси ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба вазифаи раиси ин ҷамоат таъин гардида, то инҷониб фаъолият мекард, ба сармуҳосиби ҷамоат Мирзоев Аёмбек Одинаевич супориш додааст, ки ба номи муҳандис-заминсози ҷамоат Шакарбеков Отиф Иқболович, ки фаъолият намекард,  моҳҳои феврал ва марти соли 2022 маблағҳои ҳисобикунӣ ҷудо намуда, ба ӯ диҳад. Мирзоев А.О. дар моҳи феврали соли 2022 маблағи 909,47 сомонӣ ва моҳи марти соли 2022 маблағи 923.28 сомониро ба номи Шакарбеков О.И. дар маҷмуъ ба маблағи 1832 сомонӣ ҳуҷҷатҳои сохтакорона тартиб дода, ба раёсати молияи ноҳияи Ишкошим пешниҳод кардааст ва (Карамшоев) маблағро гирифта азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.

Ҳамин тавр, меафзояд додситонӣ, Карамшоев З.М. такроран маблағи сӯзишвории аз раёсати молия ба ҷамоати Қозидеҳ ҷудогардидаро дар давраи соли 2022, ки дар маҷмуъ 5124 сомониро ташкил медод, гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ба ғайр аз ин, Карамшоев Зеваршоҳ, ба гуфтаи додситонӣ,  такроран ба сармуҳосиб Мирзоев А.О. супориш додааст, ки аз суратҳисоби Ҷамоат ба суратҳисоби ҶДММ «Фирӯза» 2000 сомонӣ барои харидори намудани қисмҳои эҳтиёти воситаи нақлиёт гузаронад, ки аз ин ӯ ба маблағи 1100 сомониашро ба қисмҳои эҳтиётии мошини хидматӣ хароҷот намуда, маблағи 900 сомонии боқимондаашро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

“Карамшоев З.М. бо мақсади рӯйпӯш намудани кирдорҳои ҷиноятии худ санаи 20 декабри соли 2022 сохтакорона санади харид аз номи шаҳрвандон Бодурхонова Ф., Сафарбеков Ҷ. ва Азимов Ф. тартиб дода, аз номи онҳо имзо гузоштааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ин мавридҳои тасарруфи маблағҳои давлатиро додситонии ноҳияи Ишкошим ошкор карда, нисбат ба Карамшоев З.М. бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 245, қисми 2, бандҳои «а,г» (батакрор ва бо истифода аз мансаб аз они худ кардани маблағҳо) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ супурдаанд ва додгоҳи ноҳияи Ишкошим  Карамшоевро бар асоси ин ду модда гунаҳкор шинохта, нисбаташ ҷарима ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардааст.

Вале раиси ҷамоати Қозидеҳ боз ҳам осон халос хӯрдааст. Чунки қисми дуюми моддаи 245 барои аз они худ кардани маблағҳо ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092  барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се солро пешбинӣ мекунад. Моддаи 323 бошад барои сохтакории хидматӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button