ВидеоФарҳангҲодисаЧеҳраҳо

МАРГИ ФОҶИАВИИ ПИСАРИ ЯГОНАИ ШОИРОНИ ШИНОХТА ОЗАРАХШ ВА ФАРЗОНА

Ҳумоюн Каримов, фарзанди хурдӣ писари ягона Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона, рӯзи 13 апрели соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд  дар Сирдарё ғарқ шудааст. Ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард.

Ҷузъиёти ҳалокати фарзанди шоирони шинохтаи тоҷик ҳанӯз маълум нест, вале садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Озарахш ва Фарзона барои ин мусибате, ки ба сарашон омад, изҳори таслият карда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хостаанд.

Озарахш (Толиб Каримов) шоир ва таронасарои маъруф буда овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева) яке аз матраҳтарин шоирони муосири тоҷик шинохта шудааст. Ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.

Ҳумоюн, фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф, дар донишгоҳ таҳсил мекард ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд  сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button