ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МАРДИКОРИ ТОҶИК ДАР ЯК ТИРПАРРОНӢ ДАР НОВАЯ МОСКВА АЗ ПОЯШ ТИР ХӮРДААСТ (ВИДЕО)

Шоми 12 апрели соли 2023 дар як сохтмон дар шаҳри Шербинка, ки дар ҷануби Маскав ҷойгир шуда, ба ҳавзаи маъмурии Новая Москва дохил мешавад, тирпаронӣ ба вуқӯъ пайваста, дар ҷараёни он як коргар аз Тоҷикистон тир хӯрдааст. Дар ин бора муовини сардори раёсати иттилооти сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав Екатерина Гуз хабар дод. Расонаҳои Русия хабар доданд, ки нафари тирхӯрда Алишер Холов ном коргаре аз Тоҷикистон буда, ӯро дар беморхона бистарӣ кардаанд. Бино ба хулосаҳои муқаддамотӣ,  мардикори тоҷикро аз пояш бо туфангчаи травматикӣ захмӣ кардаанд.

Бино ба гузориши нашрияи русии “Известия”, дар пайи ин тирпарронӣ дар Новая Москва 14 нафарро аз ҷои ҳодиса ба шуъбаи пулиси Шербинка овардаанд. Дар видеои нашршуда аз шуъбаи пулис дида мешавад, ки як гуруҳи мардони ҷавони зоҳиран муҳоҷири корӣ дар қисми навбатдории пулис истодаанд.

Бино ба иттилои “Известия”, чор иштирокчии дигари муноқиша, аз ҷумла нафаре, ки ба сӯи мардикори тоҷик тир холӣ карда буд, аз ҷои ҳодиса бо мошини ҷипи тамғаи “Porsche Cayenne” фирор кардаанд. Дар шаҳру вилояти Маскав барои боздошти ҷинояткорон амалиёти “Перехват” эълон шудааст. Бино ба иттилои пешакӣ, ҳамаи онҳо метавонанд мусаллаҳ бошанд ва аз ин рӯ, ба кормандони пулиси Маскав тавсия додаанд, ки бронежилет бипӯшанд.

Бино ба маълумоти дарёфтии “Известия”, ин мошини “Порше” ба номи Мӯсо А. ном зодаи ҷумҳурии Ингушистони Русия сабт шудааст. Runews24 хабар дод, ки аз рӯи рақамҳои мошин муайян кардаанд, ки ин мошини ҷип ба соҳибкори 28-сола аз Ингушистон тааллуқ дошта, ин соҳибкор, ки пули суғуртаи мошинро пардохт кардааст, соҳиби як ширкати сохтмонӣ будааст.

Бино ба бархе манобеъ, муноқиша дар шаҳри Шербинкаи Новая Москва, ки ба тирпарронӣ печид, байни коргарон ва саркор, яъне бригадирашон бар сари маош сар задааст. Гуфта мешавад, коргарон аз саркор талаб кардаанд, ки масъалаи пардохти маоши онҳоро ҳал кунад, вале баҳси онҳо ба тирпарронӣ анҷомидааст.

Тафсилоти дигари тирпарронӣ дар Новая Москва феълан дар даст нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button