ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ СКУТЕРУ ТЕЛЕФОН ДАР ҚУБОДИЁНУ КӮЛОБ ВА ДУЗДИИ ЧОРВО ДАР ҲАМАДОНӢ ВА ФАРХОР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 13.04.2023

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

157

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 11-уми апрели соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кӯчаи И.Сомонии ҳамин ноҳия 1-адад “Скутер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби командони милитсия ҷавони 25-солаи ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 35-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми апрели соли 2023, тахминан соати 12:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили бозори марказии шаҳри Кӯлоб аз ҷайби болопӯшаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Текно”, ки арзишаш 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми апрели соли 2023, тахминан соати 17:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаашон 1 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби командони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ содир намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 25-уми ноябри соли 2022, аз заминҳои чарогоҳи ноҳияи Фархор 1 сар чорвои майдаи шохдори марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 42-сола

043

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 46-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2016, марди 42-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ба тиҷорат машғул шудан 200 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button