ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТ ВА ЯК МАНСАБДОРИ ДИГАР ДАР ШАҲРИТӮС БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ (ВИДЕО)

Кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Хатлон, ё УБОП, дар ҷараёни як амалиёти вижаи фаврӣ раиси ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритӯс ва  як мутахассиси бахши меъмории ин ноҳияро бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир кардаанд. Дар ин бора дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”, ки шоми 12 апрели соли 2023 нашр шуд, хабар доданд.  Раиси ҷамоат ҳамагӣ 29 сол дошта, аст. Дар сабти видеоии лаҳзаи боздошташ дида мешавад, ки ӯ ба ҷои кор бо кепкаю либоси варзишӣ омадааст.

Ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон дар ҷанубуғарби Тоҷикистон ҷойгир шуда, аз самти ҷануб бо Афғонистон ва аз самти ғарб бо Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад.

Дар гузориши нашршуда гуфта мешавад, ки раиси ҷамоати ба номи Холматов Тағоев Муҳриддин Абдумуродович, соли таваллудаш 1994, ва мутахассиси бахши меъмории ноҳияи Шаҳритӯс Тӯйчиев Эркинжон Мирзосаидович, соли таваллудаш 1988, барои ҷудо намудани 10 сотих замин аз сокини ноҳияи Қубодиён Хоҷамқулов Сироҷиддин Эргашович, ба сифати пора 30 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд. Гуфта мешавад, ҳарду мансабдорро дар бинои ҷамоати ба номи Холматов ҳангоми гирифтани пора бо далели шаъйӣ дастгир кардаанд ва ин маблағи 30 ҳазор сомонӣ аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шудааст.

Муаллифи гузориш подполковник Нусратулло Маҳмадзода гуфт, ҳамаи ин пулҳо бо рангҳои махсус аломатгузорӣ шуда буд ва 25 ҳазор сомониро аз раиси ҷамоат Муҳриддин Тағоев ва 5 ҳазори боқимондаро аз ҷайби Эркинжон Тӯйчиев пайдо кардаанд.

Раиси ҷамоат дар ин гузориш эътироф кард, ки ин амали коррупсиониро бар асоси маслиҳати пешакӣ бо Тӯйчиев анҷом додаанд: “Пешакӣ маслиҳат карда будем. Пеш аз Наврӯз 5 ҳазорашро оварда дода буданд ва ин дафъа маблағи боқимондаро оварданд, вале мақомот омада, моро дастгир карданд”.

Ба зидди Муҳриддин Тағоев ва Эркинжон Тӯйчиев бар асоси қисми чоруми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи бузург аз ҷониби шахсони мансабдор оғоз карда шуда, ҳардуро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 7 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдор, асосан кормандони ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани заминҳои наздиҳавлигӣ дастгир мешаванд. Мақомот эътироф мекунанд, ки дар шароити афзоиши беисти шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон масъалаи замин ба мушкили №1 табдил ёфтааст ва бархе мансабдорони баднафс аз ин эҳтиёҷи мардум ба қитъаҳои замин барои сохтани хона сӯиистифода мекунанд.

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон ду маротиба афзуда, аз 10 миллион гузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button