ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

“9-УМИ АПРЕЛ ТЕЛЕФОНӢ ГАП ЗАДЕМ, 10-УМИ АПРЕЛ ҶАСАДАШРО ОВАРДАНД…” МАРГИ МАРМУЗИ ЯК САРБОЗ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ


Ҷасади як сарбози Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ додаанд.

Ибодулло Додови 18-сола моҳи ноябри соли гузашта ба артиш рафта буд.

Лоиқ Додов, падари Ибодулло, рӯзи 12-уми апрели соли 2023 ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби марги писараш ба ӯ маълум нест.

Талошҳо барои гирифтани шарҳи мақомот низ то ин дам бенатиҷа буд.

Лоиқ Додов мегӯяд, рӯзи 9-уми апрели имсол бо писараш телефонӣ суҳбат дошт, вале 10-уми апрел ҷасадро гирифт.

“Дар суҳбати телефонӣ мегуфт, ки вазъи саломатияш хуб аст,” – нақл кард ӯ.

Ибодулло Додов фарзанди севуми хонадон буд ва дар як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Ваҳдат хидмат мекард.

Падараш мегӯяд, барои дақиқ кардани марги Ибодулло Додов ба мақомот ариза навишт.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони Ибодулло, ки ҷасадро дидааст, гуфт, “аз пушти сараш зарб хӯрда буд“. Лоиқ Додов инро рад накард, аммо гуфт, мунтазири хулосаи расмӣ мемонад.

Чанд моҳ пеш ҷасади Лутфуллои Давлатмаҳмади 26-соларо ба наздиконаш дар ноҳияи Восеъ супурда буданд. Мақомот он замон гуфтанд, ки вай аз илтиҳоби шуш ҷон дод.

Бино ба гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал, дар 3 сол (2019-2021) зиёда аз 100 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аксаран дар ҳолатҳои мармуз, ба ҳалокат расидаанд.

Сабаби марги аксари онҳо риоя нашудани оинномаи низомӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва сӯъиистифодаи афсарон аз мақомашон номбар шудааст. Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Чизе, ки ҳомиёни ҳуқуқ намоишӣ ва таъсирашро кам медонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button