ВидеоФарҳанг

ШОИРИ ГИРЁНУ ХАНДОН КИСТ? – МАН!ШОИРИ ПУРҒАМИ ИСТАРАВШАН ШУКРӢ ИБРОҲИМ АЗ ДУНЁ РАФТ

10 апрели соли 2023 дили адиби шинохта, публисист, шоир ва омӯзгор Шукрӣ Иброҳим дар синни 88 аз тапиш бозмонд. Дар ин бора шоираи шинохтаи муқими Истаравшан Раъно Зоирдухт дар Фейсбук хабар дод ва даргузашти Шукрӣ Иброҳимро талафоти бузург барои доираи адабии Истаравшан, маҳфили “Гули сухан”, бахши истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дар умум барои аҳли зиёи диёри бостонии Истаравшан номид.

Шукрӣ Иброҳим соли 1935 дар деҳаи Боғи Калон дар канори Истаравшан ба дунё омадааст. Шукрӣ Иброҳим соли 1947 аз падар маҳрум гашт ва тарбияи ӯ ба зиммаи модару хешовандон афтод. Ӯ аз хурдӣ ба кору хондан машғул шуд. Аввал дар деҳаашон, сипас се сол дар мактаби миёнаи «Коммунист»-и деҳаи Қалъачаи Калон таҳсил карда, соли 1958 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кард.  Ӯ як сол дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳамчун ходими адабӣ фаъолият карда, сипас ба аспиранураи Донишкадаи омӯзгорӣ шомил шуд ва дар мавзӯи «Рӯзгор ва осори Баҳриддин Азизӣ» рисола навишта, ҳикояҳои ин адибрро ба чоп омода кард.

Шукрӣ Иброҳим соли 1969 бо сабабҳои вазъи оилавӣ аз пойтахт ба зодгоҳи худ баргашта, солҳои зиёде дар мактаб  дар ин ҷо ба сифати омӯзгори забон ва адабиёт дарс медод.

Шукрӣ Иброҳим шоири сермаҳсул буда, китобҳои «Чанори гӯё», «Мактуб аз зиндон», «Афсонаи дил», «Ҳикоя ва достони Ҳасани якдаста», «Донаҳои марворид» аз ӯ ба ёдгор монданд.

Шоир дар яке аз шеърҳояш чунин гуфтааст:

Шоири гирёну хандон кист? – ман,

Гаҳ ба боғу гаҳ ба майдон кист? – ман.

Аз даҳони шер ҳаққи худ кашам

Ҳақталоши давру даврон кист? – ман!

Намунае аз эҷодиёти Шукрӣ Иброҳим:

НУРИ АХТАР

Ҳар кӣ бо доно нишинад, бахт ёвар мешавад,

Дилнишину дилкушо чун шамси ховар мешавад.

Раҳнамоиҳо кунад бо ақлу донишҳои нав,

Дар шаби торик моро нури ахтар мешавад.

Зиндагиро кошифи асрор рушде медиҳад,

Дар баду неки ҷаҳон як умр довар мешавад.

Бе камоли маънавӣ ободие дар даҳр нест,

Беҳунар андар ғарибӣ зору музтар мешавад.

Илм нур асту ҷаҳолат торикӣ бошад мудом,

Аз куҷо бе илму дониш кас музаффар мешавад?

Ҳар кӣ омӯзад забони ғайру дорад пешае,

Муслиму ҳам кофареро ёру дилбар мешавад.

Зиндагӣ пешат ниҳад чандин тақозоҳои нав,

Гар намоӣ ҳаллу фаслаш, Шукрӣ чокар мешавад.

хххххххххххххх

Бахшида ба зодрӯзи шоир

Булбули Боғикалон ояд ҳаме,

Шабчароғи хонадон ояд ҳаме.

Дода равнақ шеъри ноби тоҷикӣ,

Шоири ширинзабон ояд ҳаме.

Медиҳад илму сабақ бар наврасон

Устоди меҳрубон ояд ҳаме.

Хоксор асту азизи мардумон,

Доимо бар дидагон ояд ҳаме.

Рутбаю унвон наҷустаст ҳеҷ гоҳ,

Худшиносу хушбаён ояд ҳаме.

Эй падар, пири хирад, эй меҳрубон,

Ғамгусори хонадон ояд ҳаме.

Хуршеди Иброҳим

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button