ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САНГРЕЗ ДАР ЛАБИ ҶАР, ПАРТОБИ 13 МУШАКИ ЗИДДИ ЖОЛА ВА ҲУШДОР АЗ СЕЛҲОИ НАВ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки 10 апрели соли 2023 соати 17:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 12-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Барои роҳандозии корҳои бартараф кардани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб ва роҳ соати 00:55 11-апрели соли равон пурра аз регу сангу шағал тоза карда шуд.

Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самти имконпазир гардид.

Ин сангрезиш талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Ба сабаби тағйири обу ҳаво, боронҳои пуршиддат эҳтимоли резиши санг, лағзиши тармаву ярч дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад ва Кумита ба ин далел, аз шаҳрвандон хост, то қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва ба огоҳиҳову ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Агентии ҳавошиносӣ ва ниҳодҳои дахлдори дигар бештар таваҷҷуҳ кунанд.

Бино ба иттилои дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Хадамоти зиддижолаи ин ниҳод аз партоби 13 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ёвон дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Дар гузориш гуфта мешавад, ки партоби ин мушакҳо имкон дод аз 5 ҳодисаи резиши жола, ки метавонист  ба киштзорҳо осеб расонад, бартараф карда шуд.

Гуфтанист, ки ин аввалин хабари истифодаи мушакҳои зидди жола дар мавсими боронии соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Ҳадаф аз ин дар фазо табдил додани жола ба борон аст, то ба киштзори хоҷагиҳо зарар нарасонад. Кумита гуфт, ҳамасола дар ин мавсим барои рафъи хатари жола садҳо мушак ба фазо партоб карда мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамзамон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки боришот дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар рӯзҳои 11-12 апрел идома ёфта, хатари омадани селҳо ҳамоно вуҷуд дорад.  Дар шабонарӯзи наздик дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва  дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баланд шудани сатҳи об, резиши санг аз кӯҳҳову доманакӯҳҳо, ярч эҳтимол дорад. 

Дар ин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хостааст, дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо, моҳидорӣ ва шикор ё барои  ғунучини ҳезуму гиёҳони шифобахш худдорӣ намоянд. Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки аҳолӣ сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасрӯбаҳо пок кунанд, то ба гузари сел монеъ эҷод нашавад ва ба хонаҳову киштзори сокинон ворид нашавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button