ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОНАНДАРО ДАР РОҲ ХОБ БУРДААСТ… САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВАРЗОБ (АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рух додани боз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод.  Бино ба иттилои ин ниҳод, 10-уми апрели соли 2023, тахминан соати 15:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Ниёзов Пулод Шокирович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Чаноқ-Душанбе аз тарафи ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина, Шарипов Маҳмадато Холович, соли таваллудаш 1968, Бадалова Меҳрӣ Шарифовна, соли таваллудаш 1968, Бадалов Беҳрӯз Шарипович, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Маҳкамов Миразиз Азимович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи мазкур, ки ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқ низ бо нашри як акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки ин садама дар километри 16- уми ин шоҳроҳ бо сабаби дар сари чанбарак хобаш бурдани ронандаи “Опел” рух додааст. “Мутаассифона, дар натиҷаи ин садама як кас ҳалокат расида, 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба пайвандони нафари фавтида ҳамдардӣ баён намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.  Аз ронандагон хоҳишмандем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ, дар хоса дар моҳи шарифи Рамазон, ки махсусиятҳои худро дорад, эҳтиёткор бошанд”, – навиштааст IRS.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button