ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБИИ МАРДИ 64-СОЛА ВА ДУЗДӢ ДАР СПИТАМЕН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11.04.2023

Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 64-сола

12

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 64-солаи сокини шаҳри Турсунзода, пеш бо моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои амалиёти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин) суд шудааст, аввалҳои соли 2018, бо роҳи фиреб ба боварии зани 30-солаи сокини ноҳияи Нуробод даромада, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ғайриқонунӣ майдони 0,03 га (3 сотих) қитъаи замини наздиҳавлигиро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 41-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

14

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 8-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 2 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button