ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

МАНСАБДОРИ РУС ПЕШНИҲОД КАРДААСТ, КИ МУҲОҶИРОНРО “АНДОЗИ ВАЗНИН” БАНДАНД

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ва аз мансабдорони наздик ба президенти он кишвар Владимир Путин, ки ки бо баёнияҳои  ошкоро зидди муҳоҷирон ва миллатгароёнаи худ ном баровардааст,  рӯзи 11 апрели соли 2023 дар  мусоҳиба бо хабаргузории русии Интерфакс пешниҳод кард, ки барои истифода аз нирӯи муҳоҷирони корӣ “андози вазнин” ҷорӣ кунанд, то ки ин корфармоёнро дар Русия ба истихдоми худи шаҳрванди Русия таҳрик диҳад.

“Ба назари ман, бояд барои соҳибкороне, ки нерӯи кор аз худи Русияро истифода мебаранд, механизмҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ таҳия карда шуда, барои истифодаи нирӯи кори хориҷӣ баракс андози вазнин ҷорӣ кунанд “, – изҳор доштааст Бастрикин.

Ӯ ҳамчунин хостори таҳияи “ҷадвали замонии бо шаҳрвандони Русия иваз кардани муҳоҷирони корӣ” шуда, аз ҷумла пешниҳод кардааст, то шаҳрвандони Русия аз музофотро бо усули вахта ба минтақаҳое, ки ба нирӯи корӣ эҳтиёҷ доранд, ҷалб бисозанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори пойгоҳи FinExpertiza, дар соли 2022 ба Русия  қариб сеюним миллион хориҷӣ барои кор омадаанд, ки ин назар ба як соли пеш 30 фоиз бештар аст.

Настоящее Время менависад, дар пайи ҳамлаи Русия ба Уераина, шумори рекордии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ соҳиби шиносномаҳои русӣ шуданд ва ин ҳам бо вуҷуди он ки хатари ба ҷанги Украина бурдани онҳо боло рафтааст. Ҳамчунин бар хилофи пешбиниҳои иқтисоддонон, шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия афзуда, ба сатҳи то даврони пандемия баробар шудааст.

Тавре аз омори ВКД Русия бармеояд, соли 2022 танҳо зодагони Тоҷикистону Қирғизистон назар ба давраи то ҷанги зидди Украина бештар соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Соли 2022 дар умум 174 ҳазор тан аз зодагони Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд, ки ин назар ба як соли қабл 67% бештар аст. Шумораи қирғизҳои соҳиби шаҳрвандии Русия дар як соли гузашта 22 фоиз афзуда, 23 ҳазор зодаи Қирғизистон шиносномаи қирғизии худро ба русӣ иваз кардаанд. Бо он ки шумораи муҳоҷирон аз Ӯзбекистон дар Русия қариб 4 маротиба бештар аз муҳоҷирони тоҷикистонист, соли 2022 ҳамагӣ 27 ҳазор зодаи Ӯзбекистон, яъне қариб 6 маротиба камтар аз зодагони Тоҷикистон, шаҳрвандии худро ба Русия иваз кардаанд.

Бастрикин дар вақтҳои охир ҳарчӣ бештар парвандаҳои зидди муҳоҷиронро зери назорати худ мегирад ва дар расонаҳо низ ба сурати фаровон зидди муҳоҷирон изҳори назар мекунад.

Ӯ аз ҷумла моҳи январи соли 2023 изҳор дошт, ки муҳоҷироне, ки аз Осиёи марказӣ шаҳрвандии Русия гирифтаанд, бояд дар навбати аввал  ба ҷанг бар зидди Украина фиристода шаванд.

Ин мансабдори баландпояи  наздик ба Путин рӯзи 13 январи соли 2023 дар мусоҳибаи худ бо рӯзномаи “Российсквя газета” гуфт: “Оморҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони Осиёи марказӣ аз Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ва инчунин кишварҳои Қафқоз, дар 5 соли ахир беш аз миллон нафар, ба таври оммавӣ, шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале аз хидмати ҳарбӣ канорагирӣ мекунанд”.

Ба гуфти Бастрикин “бо ба даст овардани шаҳрвандии Русия (муҳоҷирон аз Осиёи Миёна) на танҳо соҳибҳуқуқ мегарданд, балки ба онҳо ӯҳдадориҳо низ таҳмил карда мешавад”. Аз ин лиҳоз Бастрикин таъкид кард, ки “масъалаи дар навбати аввал ба амалиёти махсуси ҳарбӣ  фиристодани муҳоҷирони соҳиби шиносномаи русишуда дида баромада шавад”.

Рӯзи 10 апрел дар мусоҳиба бо ҳамон хабаргузории Интерфакс ин нафари наздики Путин аз афзоиши ҷинояткорӣ аз сӯи муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

Мавриди нигаронии вижа омори марбут ба ҷиноятҳои сангину хеле сангин аст. Соли гузашта барои содир кардани ҷиноятҳое, ба мисли куштор ва қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, нисбат ба муҳоҷирон 893 парванда кушода шуд. Ин 5 маротиба бештар ааз соли 2021 аст “, – изҳор дошт ӯ.

Бастрикин гуфт, дар умум дар соли 2022 дар бораи содир шудани 4729 ҷиноят аз ҷониби хориҷиён гузориш шудааст, ки ин, ба гуфтаи ӯ, “се маротиба бештар аз як соли қабл аст”.  Бастрикин аз ҷумла занозаниҳои гуруҳӣ бо иштироки муҳоҷиронро мисол овард ва гуфт, аксари ин занозаниҳо аз ҷониби зодагони Осиёи Марказӣ сурат мегиранд.

Аммо манобеи мустақил хулосаҳои раиси Кумитаи тафтишоти Русия дар бораи дар ҷурму ҷиноят ғарқ шудани муҳоҷиронро бардоште муғризона ва яктарафа мешуморанд ва мегӯянд, бар хилофи талошҳо барои ҷомиа тарошидани тасвири ваҳмноки муҳоҷирон аз сӯи Бастрикин, ба сурати умум, саҳми муҳоҷирон дар ҷамъи ҷиноятҳое, ки ҳамасола дар Русия содир мешаванд, хеле андак аст. Аз ҷумла бино ба омори ВКД Русия, бо вуҷуди онки шумори муҳоҷирон дар Русия дар соли гузашта беш аз 30 фоиз афзоиш ёфт, шумораи ҷиноятҳое, ки муҳоҷирон содир кардаанд, ҳамагӣ 10 фоиз афзудааст, на 3 маротиба, ки Бастрикин иддао кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button