ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ЧОР БАЧАИ ТОҶИК БАРОИ КУШТАНИ ЯК НАВРАСИ РУС ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Чор ҷавони зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла ду ноболиғ дар шаҳри Челябински Русия бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як навраси 17-солаи сокини ин шаҳр дастгир шудаанд. Рӯзи 11 апрели соли 2023 додгоҳи ноҳияи Тсентралний ду нафари онҳо – донишҷӯи 20-солаи коллеҷи минтақавии Урал Шаҳрон Мирова ва шарики ӯ Тоир Ҷалиловро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Тафтишот маҳз Шаҳрон Мировро гумонбаршавандаи асосӣ мешуморад ва бар ин аст, ки маҳз ӯ бо як зарбаи корд навраси русро ба ҳалокат расондааст.

Ин муноқишаи маргбор шаби 9 апрел дар як маркази бозиҳои компютерӣ дар Челябинск оғоз ёфта, сипас тарафҳо барои идомаи “разбор” ба кӯча баромадаанд. Дар натиҷа, бино ба иттилои раёсати тафтишоти вилояти Челябинск, шаби 9 апрел дар назди як бино ҷасади сокини 17-солаи маҳаллиро бо аломатҳои марги маҷбурӣ – захми корд пайдо карданд.

Пулиси вилояти Челябинск хабар дод, ки бо гумони даст доштан дар ин куштор 27 нафар, аз ҷумла 5 ноболиғро ба шуъбаҳои пулис овардаанд.

 “Дар натиҷаи чорабиниҳои анҷомшуда кормандони пулис ба сурати фаврӣ гумонбаршавандаи асосиро дастгир карданд. Дар идомаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ боз се иштирокчии дигари муноқиша, аз ҷумла ду ноболиғ дастгир шуданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Худи тоҷикҳои дастгиршуда ва наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастнорасанд. Вале муфаттиш дар додгоҳ нақл кардааст, ки ҳамлагарон ба бадани хонандаи мактаб ҳар кадомаш на камтар аз як зарба зада, бо ин иродаи ӯро шикастаанд ва Миров ӯро як зарбаи корд задааст. Шаҳрон Миров дар додгоҳ гуношро қисман ба уҳда гирифтааст, вале гуфтааст, ки онҳо ин корро дар ҳайъати гуруҳ анҷом надодаанд.

Дар робита ба ин куштори хонандаи мактаб мақомоти тафтишотии Челябинск бар асоси моддаи 105, қисми 2, банди “ж” Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонун барои куштор аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё дар ҳайъати гуруҳ ҳамчун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад. Вале тибқи қонун, меъёри ҷазои ноболиғон нисбат ба калонсолон сабуктар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button