ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ШАРҚИ ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД


Бино ба хабари Хадамоти геофиикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 апрели соли 2023, соати 10:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза дар 290-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда, иқтидори заминларза дар маркази он 3 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, бар асари ин офати табиӣ ягон талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларза,  дар як моҳи охир 25 заминларза ва дар як соли охир 232 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли ҷорӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button