ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАДМАСТИИ ДУ ҶАВОНЗАН ДАР МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН. ШАРҲИ МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии ш. Душанбе рӯзи 10 апрели соли 2023 аз ошкор шудани як ҳолати бадмастии шаҳрвандон дар моҳи шарифи Рамазон ва дағалона вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби онҳо хабар дод ва гуфт, ин ҳолат дар асоси видеои тавассути Инстаграм ба милитсия фиристодаи як шаҳрванд ошкор карда шуд. 

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, дар асоси ин навор  аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия шаҳрванд Аброров Ифтихор Ибодуллоевич, санаи таваллудаш 03.09.1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» рақамҳои қайди давлатиаш 05 06 СК 01 боздошт карда шуд.

Дар навори ирсолнамудаи шаҳрванд дида мешуд, ки ду нафар зан худро аз люк, яъне тирезаи сақфи мошини Аброров ба берун бароварда, бо амалу ҳаракат ва ишораҳои ғайриахлоқона, ҳамзамон бо садои баланд тартиботро халалдор сохтаанд.

Худи Аброров барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия мегӯяд, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Аброров Ифтихор тавассути мошини худ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, ҳодисаи мазкур санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ рух додааст. Ба иттилои номбурда, ҳангоми хизматрасонии мусофирбарӣ ба 4 шаҳрванд, ки зоҳиран дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, ду ҷавонзан қисме аз бадани худро аз тирезаи сақфи мошини ӯ ба берун бароварда, тартиботро вайрон кардаву ҳолати хатарнокро ба вуҷуд овардаанд.

Ин амал чандин маротиба такрор ёфта, боиси норозигии шаҳрвандон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ гаштааст. Ронанда Аброров Ифтихор ба ин амалкарди мусофирони худ беаҳамиятӣ намуда, эроди ҷиддӣ нагирифтааст ва он ду зан ҳаракати худро идома додаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Аброров Ифтихор барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 680 то 1360 сомонӣ таҳдид мекунад.

Дар бораи ба куҷо расидани ҷустуҷӯи он ду ҷавонзани маст дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button