ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БАЧААТ БИМИРАД, ҶАНГАНДОЗ! ВИДЕОИ ҶОНГУДОЗИ НОЛАИ МОДАРИ ТОҶИК ДАР САРИ ГӮРИ ПИСАРИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДААШ

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаи дар сари гӯри фарзанди ба эҳтимоли ғолиб дар Украина кушташудааш нола мекунад. Дар видео дида мешавад, ки ҷавони тоҷик бо номи Муҳаммадҷони Саъдуллоро дар як гӯристони пур аз қабрҳои нави аксараш бо салибҳои масеҳӣ ба хок супурдаанд. Дар болои ҳамаи гӯрҳо гулчанбарҳо бо навиштаи “Бо изҳори сипос ба … (ном ва насаби одами фавтида)” гузошта шудаанд.

Дар болои гӯри ҷавони тоҷик низ чунин як гулчанбар бо навиштаи “Бо изҳори сипос ба Муҳаммадҷони Саъдулло” гузошта шуда, дар лавҳачае ному насаб ва санаи таваллуду санаи вафоти ӯ навишта шудааст.

Дар видеое, ки қариб ду дақиқа аст, модари тоҷик дар сари гӯри фарзанди ҷавонмаргаш нола мекунад ва аз ҷумла мегӯяд: “Очаат бимирад, Муҳаммад, очаат бимирад! Чаро ин хел кардӣ? Ба ман ногуфта, баромадӣ, рафтӣ. Ту фикр кардӣ, ки ман туро намеёбам? Дар куҷое ки бошӣ, ман меёбам қабри туро! Вой очаат бимирад, Муҳаммади хушрӯям! Бачаат бимирад, ҷангандоз!…”

Дар бораи шахсияти Муҳаммадҷони Саъдулло ва кайу чӣ гуна ба ҷанги зидди Украина сафарбар шудани ӯву кай ва чӣ гуна ва дар куҷои Украина кушта шуданаш маълумоте дар даст нест. Ин ҳам маълум нест, ки ӯро дар кадом оромгоҳ ва дар куҷои Русия ба хок супурдаанд? Вале зоҳиран ин оромгоҳ ба қабристонҳои ҷангҷӯёни кушташудаи ЧВК “Вагнер” монандӣ дорад. Асосгузори ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин ахиран гуфт, ки танҳо дар қабристони Новий ключ дар кишвари Краснодар дар чанд вақти охир беш аз 500 тан аз сарбозони ин дастаро ба хок супурдаанд. ЧВК “Вагнер” боз дар вилояти Маскав ва минтақаи Урал низ барои гӯрондани сарбозонаш қабристонҳо ташкил кардааст.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард ва дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввали ҷанг қисматҳои зиёде аз қаламрави шарқ ва ҷануби Украинаро ба даст овард. Вале баъдан таносуб дар ҷанг ба фоидаи Украина тағйир ёфт ва артиши Украина тавонист то поёни соли 2022 тақрибан 50 дарсади қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшударо озод кунад.

Артиши Русия, ки ҳоло ба камбуди нирӯ рӯбарӯ шудааст, талош дорад, то маҳбусонро бо ваъдаи озодӣ ва муҳоҷирон аз кишварҳои дигарро бо ваъдаи пули калон ва додани шаҳрвандии Русия ба ҷанги зидди Украина ҷалб кунад.

Садҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик ва маҳбусони тоҷик аз маҳбасҳои Русия низ ба ин ваъдаҳо дода шуда, ба ҷанги зидди Украина рафтаанд. Ҳамин тавр, теъдоди зиёде аз зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, акнун маҷбуранд тибқи қонунҳои Русия, ба артиш раванд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар аз ҳарду тараф дар ҷанги Русия бо Украина хабарҳо ба даст расидаанд. Мутаассифона, дар байни кушташудагон даҳҳо тоҷик низ ҳаст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон” Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Модари азиз, аввал парвандаи писаратро варақ бизан, фарзандро бо ду дасти адаб барои “пул” ба хориҷи кишвар “гусел” мекунед, вай ҳатман дар фикри “пул” мешавад, думболи “пул” мегардад, “пул” ҷустуҷӯ мекунад, ҳатто ба хотири “пул” баъзан аз доираи инсонӣ берун баромада, ба авбошӣ, дӯздӣ, бадтар аз ин ба ҷиноятҳои дигари вазнин, мисли одамкушӣ, додугирифти молу маҳсулоти ғайриқонунӣ ва ғайра даст мезанад. Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун баромадааст, ҳоҷат ба ҳиҷрат ё муҳоҷирати меҳнатӣ намондааст, агар ҳаққу ҳуқуқи худро дар дохили ватани худ ҳифз карда наметавонед, берун аз ватан чӣ гилла?? Мо аҳли назар ҳама медонем, ки путин ва низоми фашистии кремл дар марги писари шумову писари дигарон гуноҳи марказӣ доранд, аммо шумо низ бегуноҳ нестед. (Ба ҳар ҳол Муҳаммадро худо раҳмат кунад, ҷояш ҷаннат бошад).
    Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
    Таваккал бар худо кардему рафтем!!!

  2. Модами азиз шумо ба гапхои хар хел одамон гуш накунед,дарди шуморо танхо шахсе ,ки бачаашро гум кардааст у мефахмад!!! Пеш аз он ки як касро накуҳиш кардан,аввал зиндагии ин занро сарраввал тай намоед,сипас сухан ронед!!!Ягон модар писарашро ба марг равон намекунад,танкисии зиндаги мач,бур сохт ,ки писараш мухочир шавад ва пайи ризку рузии оила гардад!!!Ба шумо модари азиз сабри ч,амил хохонам ва писари чавонмаргатонро Худованд рахмату магфират намуда, охираташро обод намояд,Омин!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button