ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ПОДОШИ МЕҲМОННАВОЗӢ: САФИРИ САУДӢ БА АСАДУЛЛОВУ ҲАМСАРАШ РОҲХАТТИ ҲАҶ ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Дафтари матбуоти сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе рӯзи 7 апрели соли 2023 хабар дод, ки ба сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ Асадулло Садриддинов ва ҳамсари ӯ, ки чанд рӯз қабл Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карданд, раводиди Ҳаҷи умра тақдим кардаанд.

Журналист Ҷалолидин Садриддиновхабар дод, ки Асадулло бо ҳамсараш субҳи 7 апрели соли 2023 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Ҳаҷ сафар кардаанд.

Як ҳайъати иборат аз сафир, раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон, як журналисти араб ва тарҷумон шоми 28 март, дар роҳи бозгашт баъди тақсими кумакҳои Саудӣ ба сокинони деҳаҳои аз заминларзаи шаби 23 март зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Фатмев писари хурдсоли Асадулло Садриддиновро дида, аз ӯ дар бораи ягон ҷой барои адои намози шом ва рӯзакушоӣ пурсидаанд.

Асадулло аз ин хабар ёфта, ҳатто бидуни он ки кӣ будани меҳмононро муайян кунад, ҳамаи онҳоро ба хонааш даъват карда ва барояшон дастурхони ифтор кушодааст.

“Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Арабистони Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад”, – навиштааст дафтари матбуоти сафорати Саудӣ дар иттилоияаш. Ҳамчунин раҳбари сандуқи хайрияи ба номи малик Салмон харҷи сафари Асадулло ва ҳамсараш ба Ҳаҷҷи умраро ба уҳдаи худ гирифтааст.

Ин амали неки ҷавони тоҷикро хабарнигори араб Файсал Абдулкарим бо нашри як видео дар Твиттер расонаӣ кард. Ӯ гуфт, намояндагон Арабистони Саудӣ аз меҳмоннавозии ин ҷавони тоҷик ончунон ба ваҷд омаданд, барои ӯву ҳамсараш роҳхатҳо ба Ҳаҷҷи умраро туҳфа карданд.

Дар навор дида мешавад, ки Асадулло аз ин туҳфаи ғайриинтизор хеле шод шуда, даст пеши бар ба меҳмонон арзи сипос мекунад.

Меҳмонон бо се фарзанди Асадулло низ ҳамсуҳбат шуданд ва аз онҳо пурсиданд, ки падару модарашон аз сафари Ҳаҷ барояшон чӣ туҳфа биоранд? Писари калонии Асадулло, ки ягон 7 ило 8 сол дошт, гуфт, мехоҳад барояш аз Макка ҷойнамоз биоранд. Ин посухи ӯ меҳмонони баландпоя аз Саудиро дигарбора ба ваҷд овард ва онҳо барои ин тифл каф кӯфтанд.

“Темур Медиа” хабар дод, ки Асадулло Садриддинов мутаваллиди соли 1987 буда, дар рустои қадимаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ, деҳкадае дар соҳили дарёи Зарафшон зодаву бузург шудааст. Соҳиби се фарзанд буда, зиндагиашро аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ мечархонад.

Асадулло Садриддинов дар сӯҳбати телефонӣ ба ин расона нақл кардааст, шоми 28-уми март мисли рӯзҳои маъмулӣ аз пайи омодагӣ ба ифтор буд.

Хонаи ман дар сари роҳи АйнӣМастчоҳ, деҳаи Фатмев воқеъ аст. Чанд дақиқа пеш аз оғози ифтор писарам ба наздам омада, хабардор кард, ки нафарони ношиносе барои рӯзакушоӣ ҷойи мувофиқ ҷустуҷӯ доранд, – иброз намуд, Асадулло Садриддинов.

Ӯ бидуни он ки фаҳмад, меҳмонон кистанд, зуд қолину курпачаҳоро ба саҳни боғаш фароварда, барои намозхонии меҳмонон ҷой омода кард.

Ман танҳо расми меҳмоннавозии тоҷиконае, ки як марди кӯҳистонӣ анҷом медиҳад, иҷро кардам. Мо аз бузургони худ омӯхтаем, ки бояд иззати меҳмонро хуб ба ҷо орем, – гуфтааст Асадулло.

Дар навор низ дида мешавад, ки сафир бо ёрии тарҷумон ба Асадулло нидо карда мегӯяд, “…мо шуморо ташвиш додем. Шумо бояд ҳоло ифтор мекардед”. Аммо Асадулло дар ҳоли кӯрпача паҳн кардан, посух дод, ки “не, мо баръакс хурсанд шудем, ки Шумо меҳмони мо шудед”.

Асадулло гуфт, ӯ интизор надошт, ки меҳмонон ба ӯ роҳхати зиёрати Маккаро медиҳанд.

– Барои меҳмонон хӯрок овардем. Хони хоксоронае оростем. Сипас, сафир аз вазъи зиндагиву хонаводаам пурсид. Суҳбати мо самимитар шуд, – иброз намуд, ин марди сокини ноҳияи Айнӣ. – Баъдан, яке аз меҳмонон аз ман пурсид, ки хоҳиши зиёрати Маккаро дорӣ? Албатта, чаро не, ҷавоб додам ман.

Дар идома сафир баён мекунад, ки ба Шумову ҳамсаратон ду роҳхати зиёрати Ҳаҷҷи умраро медиҳам. Хароҷоти равуоятон аз ҷониби ҳамроҳони мо пардохт мешавад.

Асадулло мегӯяд, фардо субҳ ба назди падари пиронсолаш рафта, ҷараёни вохӯриву меҳмондориро ба ӯ нақл кардааст.

Аз падар зиёд хоҳиш кардам, ки дар сурати омода шудани роҳхати сафар, ҳамроҳам ба зиёрати Макка раванд, -гуфтааст Асадулло. Он кас 79-солаанду бо сабаби суст будани биноии чашмонашон барои сафари ману ҳамсарам дуо доданд.

Меҳмоннавозӣ аз вижагиҳои хоси мардуми тоҷик аст, ки қариб ҳамаи онҳое, ки аз Тоҷикистон дида мекунанд, аз ин сифати ин мардум тавсиф мекунанд.

Аммо меҳмоннавозӣ дар деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон падидае нотакрор аст. Бо вуҷуди ҳатто дасти кам, мардуми кӯҳистон омодаанд охирин чизи худро пеши меҳмон бароранд ва он қадар дар истиқболу пазиронии меҳмонон ду дасти пеши бар ва забони ширин доранд, ки ногуфтанист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button