ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ИСТАРАВШАН ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР КӮШОНИЁН ВА ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 07.04.2023

Ҳалокати се мусофир дар ду ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

014

6-уми апрели соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Ҳайдаров Икром, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ», воқеъ дар ҳудуди деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Хонда СРВ», ки таҳти идораи ронанда, Раҳимов Фозилҷон Нуъмонович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Ҳайдаров И. ва мусофиронаш: Турдибоев Абдушукур, соли таваллудаш 1946, Турдибоева Анора, соли таваллудаш 1951, сокинони ноҳияи Шаҳристон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, баъдан Турдибоева Анора, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 6-уми апрели соли 2023, тахминан соати 14:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Зокирхӯҷаев Баҳриддин Баҳодурович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар 65-ум километри роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии 600 метр сарозер шудааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофирони дохили автомашина ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафар мусофири мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми дуздии амволи рӯзгор

155

Ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён аризаи зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 20-уми феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад қолинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби колрмандони милитсия марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби колрмандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда, аз 27-уми феврал то 4-уми марти соли 2023, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо лавозимоти амволи рӯзгор ва чанд ҷуфт либосу пояфзолро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, номбурда бо ҳамин роҳ аз моҳи феврали соли 2020 то 2-юми феврали соли 2023, ба хонаи истиқоматии зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз таҳхона, ки ҳамчун сехи дӯзандагӣ истифода мешудааст, лавозимоти амволи рӯзгор, 2 мошинаи дарздӯзӣ ва чанд ҷуфт либосу пояфзолро бо матоъҳои маҳсулоти хом, ки барои дӯхтани либос пешбинӣ шуда буданд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button