ВидеоМуҳоҷирон

ҲАБСИ 5 БЛОГЕРИ ТОҶИК ВА САРКАРДАИ ОНҲО ДАР МАСКАВ БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ШАҲРВАНДОН

Раёсати татфтишоти шаҳри Маскав рӯзи 5 апрели соли 2023 аз боздошти 5 ҷавони зодаи Осиёи Миёна, солҳои таваллудашон 2002, 2004, 2006 в 2007 бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ хабар дод. Ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳарчанд раёсати тафтишоти шаҳри Маскав дар иттилоияаш дастгиршудагонро танҳо “зодагони Осиёи Миёна” ном бурдааст, нашрияи русии “КоммерсантЪ” рӯзи 5 апрел бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ҳамаи онҳо “блогерҳои ҷангталаб” аз Тоҷикистон буда, ахиран саркардаи ин гуруҳ бо номи Тило Маматнабиев низ боздошт шудааст.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи раёсати тафтишоти пойтахти Русия, “дар тӯли солҳои 2022-2023  зодагони Осиёи Миёна дар шаҳри Маскав дар ҳайъати гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ амал карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекарданд ва бо мақсади худро ба атрофиён муқобил гузоштану намоиши муносибати беэҳтиромона ба атрофиён, яъне аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос мардумро бо дасту по латтукӯб мекарданд. Ин амалҳои ғайриқонунии худро аъзои ин гуруҳи муташаккил дар видео сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, бо ин ба доираи номаҳдуди мардум мавридҳои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро ба намоиш мегузоштанд, ки ин баёнгари беэҳтиромии ошкоро нисбат ба ҷомиа ва бебандуборию сарҳуйист”.

Тафтишот мегӯяд, аъзои ин гуруҳи ҷиноӣ ҳамлаҳои худро аз пеш нақша кашида, ноболиғонро низ барои иштирок дар ин ҷиноятҳо ҷалб кардаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, ин блогерҳо дар ягон макони ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Маскав ягон нафарро интихоб карда, бо баҳонае бо вай вориди муноқиша мешуданд ва “бо истифода аз бартарии ҷисмонӣ ва шумораашон ба шаҳрвандон ҳамла оварда, нисбат ба онҳо аз зӯроварии ҷисмонӣ кор мегирифтанд ва онҳоро дард дода, азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ мерасонданд”.

Манобеи “Коммерсант” дар раёсати тафтишоти ш. Маскав гуфтаанд, вақтҳои охир дар бораи мавридҳои афзояндаи ҳамлаҳои бесабаби зодагони Осиёи Миёна ба шаҳрвандон дар фурӯшгоҳҳои пойтахти Русия хабарҳо мерасид ва шоҳидону қурбониёни ин ҳамлаҳо ҳама ба як овоз мегуфтанд, ки ҳамлагарон ҳар як ҳамларо ҳатман ба навор мегирифтаанд.

5 узви ин дастаро дар аввали моҳи феврали соли 2023 дар пайи як чунин ҳамла дар як супермаркет дар шоҳроҳи Варшавское дастгир ва бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ муттаҳам карданд, вале додгоҳи ноҳияи Чертаново дархости ҳабси онҳоро ба далели ҷиддӣ набудани аъмоли ҷиноятиашон рад кард. Додгоҳ танҳо бархе амалҳо, аз ҷумла истифода аз Интернетро барои аъзои ин даста манъ кард.

Аммо, менависад “Коммерсант”, ин блогерҳо баъди озод шуданашон боз ҳам ба нашри видеоҳои ҳамлаҳои худ дар Интернет идома дода, ҳамчунин худситоӣ кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тамоми талошро барои ҳабси онҳо карданд, вале аз дасташон чизе наомад.

Дар натиҷа,  раёсати тафтишоти Маскав иттиҳоми зидди ин блогерҳоро аз қисми якуми моддаи 213 (авбошӣ) ба қисми дуюми ҳамин модда (авбошии гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ), ки ҷазояш хеле вазнинтар аст, иваз кард ва бо истидлол ба ин ки ин ҷавонон қарори додгоҳ дар мавриди истифода набурдан аз Интернетро сарфи назар кардаанд, дигарбора аз додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани ин 5 зодаи Тоҷикистонро тақозо кардааст ва додгоҳ ин дафъа дархости тафтишотро қонеъ сохта, блогерҳоро ба ҳабс гирифтааст.

“Коммерсант” менависад, ки дар байни ҳабсшудагон Тило Маматнабиев, ки тафтишот ӯро саркардаи ин даста мешуморад, набуд. Ин донишҷӯи 21-солаи Коллеҷи фаннованиҳои инноватсионӣ ва хидматрасонии шаҳри Маскав тақрибан дар ҳамаи видеоҳои нашршудаи латтукӯби шаҳрвандон иштирок дошт ва номашро бисёре аз қурбониён ва шоҳидони ҳамлаҳо них ном мебурданд, вале ҳамсафонаш ӯро “нафурӯхтанд”.

Дар ниҳоят, бино ба маълумоти “Коммерсант”, дар аввали моҳи апрел Тилло Маматнабиевро дар маҳалли сабти номаш дар шаҳри Химки дар канори Маскав дастгир кардаанд ва додгоҳи ноҳияи Пресня бояд ба зудӣ дар мавриди чораи пешгирӣ нисбат ба ин саркардаи гуруҳи “блогерҳои ҷангталаб аз Тоҷикистон” қарор барорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button