ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

МУХОЛИФАТИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ БА СОХТМОНИ МАСҶИДИ НАВ ДАР ШАҲРИ МАСКАВ

Ҳукумати шаҳри Маскав сохтмони масҷиди ҷомеъ барои 60 ҳазор намозгузорро, ки ибтидо қарор буд, дар наздикии кӯли “Святое озеро” дар минтақаи Косино дар канораҳои шарқии пойтахти Русия сохта мешуд, пас аз норозигии “ҷомеа” ба ноҳияи Косино-Ухтомск кӯчонидааст.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, “барои сохтани масҷид қитъаи заминеро дар наздикии истгоҳи метрои “Косино” ва “МЦД” ҷудо кардаанд”.

Кӯчондани бинои масҷид дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳҳои мухталифи ифротии русгаро ва миллатгароҳои таҳти ҳимояи ҳукумати Русия ба зидди сохтмони масҷид  мухолифати дастаҷамъона ба роҳ монданд. Аз ҷумла ду созмони миллатгарои зоҳиран таҳти ҳимояти ҳукумати Русия: ҷунбиши “Сорок сороков” ва созмони “Двуглавый орёл” ва нашрияҳои миллатгарои Русия ба сохтани масҷид муқовимати сахт нишон доданд.

Ба иддаои мухолифони сохтани масҷид дар канори Святое озеро ин кӯл дар як макони муқаддас ҷойгир шудааст, чунки, бино ба ривоятҳои динӣ, гӯё замоне дар ин ҷо калисои масеҳӣ будаасту он зери об рафтааст.

Cозмони “Двуглавый орёл” мансуб ба олигархи рус ва ҳамчунин молики шабакаи телевизионӣ ва нашриёти “Царьград” Константин Малофеев аст. Нашрияҳои ӯ бо мавқеи ошкор миллатгароёна ва муҳоҷирбадбинонаашон фарқ мекунанд.

Ҳамчунин истихбороти аксарияти кишварҳо маҳз ҳамин олигархи русро, ки ба Кремл хеле наздик аст, маблағгузори асосӣ ба ҷудоихоҳони (сепаратист) Луҳанск ва Донетск дар соли 2014 медонанд.

Малофеев чандин бор бевосита аз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хост, ки “дар наздикии ин кӯл масҷид барои муҳоҷирон насозад, зеро ин макон барои православҳо ҷои муқаддас асту сохтани масҷид дар наздикии он покии кӯлро хадшадор мекунад”. Ҳамчунин ӯ барои насохтани масҷид дар ин макон як маъракаи таблиғотии калонеро барпо карда, ба ҷамъоварии имзоҳо бар зидди сохтмон пардохта буд.

Ба ин маъракаи таблиғотии олигархи наздик ба ҳукумати Русия, блогерҳо, шахсиятҳои маъруф ва  варзишгарони рус низ пайвастанд. Аз ҷумла размкори ММА Максим Давнич низ ба зидди сохтани масҷид баромад намуда, аз ҷонибдоронаш хост, пеши роҳи ин “бино барои мусалмонон”-ро гиранд. Ба гуфти Максим Давнич,  “ин ноадолатӣ нисбат ба масеҳиён аст. Чун аз ҳама калисои бузург дар Маскав калисои Масеҳи Наҷотбахш гунҷоиши 10 ҳазор нафарро дорад ва барои чӣ масҷиди мусалмонон бояд 6 баробар аз он зиёд бошад?

Блогери доғистонӣ Хасбик дар ҷавоб ба Максим навишт, ки “ту дигар барои мусобиқа ва тамрин иҷозаи вуруд ба Доғистонро надорӣ”.

Ҳамчунин маъракаи таблиғотӣ бар зидди сохтмони масҷид дар Z-пабликҳо низ якбора мавзӯи баҳс қарор гирифта, аксарият аз пешгирии сохтмони “масҷиди муҳоҷирон” садо баланд карданд.

Ҳатто низомиёне, ки бар зидди Украина меҷангад дар як навори видеоӣ таҳдид намуданд, ки “мансабдороне, ки барои иҷозаи сохтмони “масҷиди муҳоҷирон” шароит фароҳам меоваранду иҷоза медиҳанд, бояд дар бораи ояндаи худ фикр кунанд”.

Миша Маваши, репер ва блогери рус низ навишт, ки “масҷид барои ҷалби муҳоҷирон аст. Ҳам масҷид ва ҳам муҳоҷирон барои ман халал мерасонанд, махсусан дар рӯзи Иди Қурбон наметавонам дар хиёбони Мир озодона сайру гашт кунам”.

Рамазон Қодиров, роҳбари ҷумҳурии Чеченистон ва аз нафарони наздик ба президенти Русия Владимир Путин, ки бо назарҳои ғайриоддиаш хеле дар фазои маҷозӣ хеле фаъол аст, дар канали худ дар шабакаи Телеграм навишт, он нафароне, ки мухолифи сохтани масҷид ҳастанду худро дилсӯзи марзу буми Русия нишон медиҳанд, бояд дар хандақҳои Донбасс аз сарзамини русҳо дифоъ кунанд, на дар Маскав.

Қодиров навишт: “Агар иштирокчиёни ин тазоҳурот бар зидди сохтмони масҷиди мусалмонон ҳастанду аз таҳти дил мехоҳанд сарзамини русҳоро ҳифз кунанд, пас марҳамат, автомат  ба даст, ба пеш, ба Донбасс. Ба ҷои шумо имрӯз ин мусалмонон ҳастанд, ки дар хатти пеши ҷабҳа, дар хандақҳо сарзамини русҳоро шабонарӯзӣ ҳифз карда истодаанд. Равед, онҳоро аз онҷо пеш кунед, автомат ба даст дар он ҷо ба ёди ҳифзи ватанатон бошеду ватандӯстии худро ба рафтор нишон диҳед, на бо ин иғвогарӣ ва суханҳои пуч”.

Вале рӯзи 6 апрели соли 2023  пас аз он ки шаҳрдори Маскав эълон намуд, ки масҷидро дар макони дигар хоҳанд сохт, мавқеи Рамазон Қодиров низ тағйир кард. Ӯ ҳатто Собянинро “бародар” хонда, аз ӯ таъриф низ намуд.

Масъалаи сохтмони масҷидҳо дар шаҳрҳои Русия дар ҳоле барои ҳукумати ин кишвар пеш омад, ки аҳолии мусалмон дар шаҳрҳои калони ин кишвар рӯ ба афзоиш овардааст. Махсусан дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, ки дар замони Шӯравии собиқ сохтмони масҷид роиҷ набуд, ин масъала бисёртар ба назар мерасад. Аз як тараф сатҳи диндорӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дар ҷомеа Русия рӯ ба афзоиш овард, аз тарафи дигар ҳузури муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аксарияти мардумаш мусалмонанд, ва аз Қафқозу дигар минтақаҳои мусалмоннишин ниёз барои масҷидҳо дар шаҳрҳои Русияро бештар кардааст.

Бо онки дар Маскаву атрофи он чанд миллион мусалмон кору зиндагӣ мекунад, дар пойтахти Русия шумораи масҷидҳо ангуштшумор аст. Масҷидҳои мавҷуда тавони гунҷонидани тамоми намозгузоронро надоранд ва бахусус дар рӯзҳои намози ҷумъа ва намозҳои ид ҳазорон нафар аз намозгузорон маҷбур мешаванд, ки дар берун аз масҷидҳо, ҳатто дар роҳҳои мошингарду хатти трамвай намози худро адо кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button