ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО “ЛЕКСУС”-У “КАМРИ” ВА 8 СОТИХ ЗАМИН ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН ВА КОРТИ БОНКӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 05.04.2023

Боздошт гардидани марди дузд

157

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 18-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-12», ки дар дохилаш корти бонкӣ бо маблағи 4 ҳазору 300 сомонӣ буд ва ба марди 47-солаи сокини ноҳияи Восеъ тааллуқ дошт, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ба номбурда 6 ҳазору 300 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

04

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2018, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-460»-ро гирифта, ваъда додааст, ки бар иваз 15 ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода боз 5 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 64-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шудааст.
Номбурда, моҳи феврали соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 72-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи харидорӣ намуда додани автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» аз ӯ ба маблағи 85 ҳазору 240 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 46-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки соли 2016 бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда гардидааст.
Номбурда, 10-уми январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи фурӯхта додани замини наздиҳавлигиаш, ба миқдори 0,08 га, аз ӯ маблағаҳои 676 ҳазор рубли русӣ ва 6 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button