ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

НИГАРОНИҲО АЗ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ СЕ МАҲБУСИ СИЁСӢ ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН

Оппозитсияи  тоҷик дар хориҷ аз вазъи саломатии се маҳбуси сиёсӣ – ду тан аз раҳбарони собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Ҷалолиддини Маҳмуд ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ Маҳмурод Одинаев – изҳори нигаронии амиқ карда, хостори расидагии оҷил ба вазъи онҳо шудаанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва маҳбусони сиёсӣ ин ҳафтаро ҳафтаи ин се маҳбуси бемор эълон карда ва Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилоф низ дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки дар Аврупо фаъолият дорад, дар як изҳорот аз кор мондани яке аз поҳо ва дарди шадиди пешобдону фишори хун ва бемории диабет ё қандро аз бемориҳое номидааст, ки ҳарсе маҳбуси зикршуда аз ин дардҳо ранҷ мебаранд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Маҳмурод Одинаевро дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба далели гирифториаш ба бемории зардпарвин (гепатити Б) карантин кардаанд. Ҳамсари Одинаев Зубайда Ҳакимова, ки моҳи феврал аз ӯ дар маҳбас аёдат кардааст, пештар хабар дода буд, ки вазъи ӯ дар ду соли гузашта тағйир наёфтааст ва ӯ ҳамчунон роҳ гашта наметавонад ва аз бемории дил ва фишори баланди хун ранҷ мекашад.

Маҳмурод Одинаев дар поёни соли 2020 дар пайи як эътироз дар назди коммисариати ҳарбии шаҳри Ҳисор дастгир гардида, моҳи январи соли 2021 бо ҷурмҳои “авбошӣ” ва “даъват ба сарнагун кардани ҳукумат” ба 14 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Дар поёни моҳи март Саидисоқ Бобоев, як фаъоли мухолифин бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки  ду тан аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ Ҷалолиддини Маҳмуд ва Муҳаммадалии  Файзмуҳаммад низ дар маҳбас сахт мариз шудаанд.

Аз ҷумла бино ба иттилои Бобоев, Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро ба далели хуруҷи бемории қанд аз маҳбас ба бемористони Қараболои шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Ба маълумоти ӯ, ба иллати беморӣ як пои ин узви аршади ҳизби наҳзат аз кор мондааст.

Муҳаммадалии  Файзмуҳаммад моҳи сентябри соли 2015, ҳамроҳ бо 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ дастгир ва ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҷалолиддини Маҳмудро дар ҳолати вазнин ба бемористони дохили зиндон мунтақил ва бистарӣ кардаанд. “Шушҳояш об гирифта, як гӯшаш комилан намешунавад, бар гӯши дигараш баландгӯ гузоштаанд ва аз ноҳияи хичакаш варами шадид (грижа) шудаст ва фишораш болои 200 қарор гирифтааст”, хабар дода буд Саидисоқ Бобоев.

Ҷалолиддини Маҳмуд, ки дар соли 2014 дастгир ва бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд,  ҳамагӣ як сол баъди раҳоияш дубора боздошт ва ин бор ба шашуним соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, сабаби ҳукми дуюми ӯ дарёфти кумаки пулӣ аз ҳамсафони собиқи ба хориҷ фироркардааш будааст.

Паймони миллӣ дар изҳороташ аз ҷумла тақозо кардааст, ки омбудсмен аз зиндонҳои кишвар дидан намуда,  аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ наздикон ва ҷомиаро хабардор кунад.

Ин эътилофи нирӯҳои мухолифин ҳамчунин хостааст, ки намояндагони созмонҳои Салиби Сурхи байналмилалӣ, Афви Байналмилалӣ ва Табибони Бидуни Марз аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои тиббии фаврӣ расонанд. Ҳарчӣ зудтар озод кардани зиндониёни бмори аз синни 60 боло яке дигар аз талабҳои Паймони миллӣ аз мақомоти Тоҷикистон аст.

Мақомоти Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия ва дафтари омбудсмени Тоҷикистон то кунун иддаоҳои мухолифин дар бораи бемории се маҳбуси сиёсӣ ва талабҳои онҳоро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button