ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ПИРАЗАН ВА ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР ДУ САДАМА ДАР ХУҶАНД ВА МӮЪМИНОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 3 ва 4 апрел дар ду садама дар Хуҷанд ва Мӯъминобод ду нафар: як зани пиёдагарди 70-сола ва як тифли яксола ҳалок шудаанд.

Аз ҷумла рӯзи 3-юми апрели соли 2023, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ғоибов Ҷаъфар Зарипович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд аз самти чорроҳаи кӯчаи Раҳимӣ ба самти пули кӯҳна, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Ҳакимова Санавбарой, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳакимова С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон дод.

Ҳамчунин 4-уми апрели соли 2023, тахминан соати 10:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Бозоров Ҷалолиддин Саидович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Мӯъминобод  ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Мӯъминобод – Кӯлоб, ногаҳон  ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идора Шарофов Хоркаш Шарофович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Муъминобод, қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, хурдсол Саидзода Юнус Ҷалолиддин, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки шоми 2 апрел, дар байни ҳамагӣ як соат дар ду садамаи нақлиётӣ дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Балхӣ ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз ҷумла шоми 2-юми апрели соли 2023, тахминан соатҳои 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Баҳраков Раҳмоналӣ Тағоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили канали обгузар чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Баҳраков Р. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, шоми 2-юми апрели соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс-190”, Сулаймонзода Рустам Нурали, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Дӯстӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Отаҷонов Қурбонбой, соли таваллудаш 1951, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар видеои Одил Нозир дида мешавад, ки ин мошин аз баландии ягон 100 метр чаппа шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button