ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҶАНГРО ДАР УКРАИНА РУСИЯ САР КАРД, ВАЛЕ АНҶОМАШ ДАР ДАСТИ ХИТОЮ АМРИКОСТ…

Чанд рӯз пеш, президенти Украина Владимир Зеленский дар роҳи бозгашт аз хатти ҷабҳаи ҷанг дар шарқи Украина, дар қатори роҳи оҳан мусоҳибаеро бо хабаргузории Associated Press анҷом дода, дар ин суҳбат аз ҷумла ба ин маънӣ гуфт,  “агарчи ҷангро дар Украина Русия оғоз намуд, вале поёни онро Хитой ва Амрико рақам хоҳанд зад”.

Ба назар мерасад, ки ин гуфтаи ӯ як амри воқеист. Вале барои анҷоми ин кор дар ҳоли ҳозир бештар на Амрико, балки Аврупо даст ба кор шудааст.

Дар муддати начандон тӯлонӣ роҳбарони кишварҳои аврупоӣ яке паи дигаре ба Чин сафар мекунанд. Пас аз боздиди садри аъзами Олмон ва сарвазири Испания, ин дафъа, рӯзи 5 апрели соли 2023 президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ба дидори Сӣ Ҷинпинг, ки чанд рӯз пеш аз Маскав баргашта буд, мераванд.

Ин ду намояндаи воломақоми аврупоӣ мехоҳанд зимни сафари худ Сиро мутақоид кунанд, то ба Путин силоҳ ва шароит барои идома ҷанг фароҳам наорад, балки баръакс ӯро водор кунад, то ба ҷанг дар Украина хотима бахшида, рӯ ба музокироти сулҳ оварад. Чизе, ки ба зоҳир Хитой ҳам хоҳони он аст. Дар гузашта низ Хитой баъзе ҳаракатҳои кӯчаке дар ин роҳ анҷом дода буд, мисли пешниҳоди “формулаи сулҳ” барои хотима бахшидан ба ҷанг дар Украина ва дар масъалаи таҳдидҳои ҳастаии Русия ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Чин аз як тараф ба технологияи пешрафтаи аврупоӣ ниёз дорад ва аз тарафи дигар бозори асосии маҳсулоти нисбатан боарзишу босифаттараш низ кишварҳои аврупоӣ аст. Агар ба нишондиҳандаҳои содироти Чин нигоҳ кунем,  ҳудуди 80 фоизи онро содирот ба Аврупо ва Амрико ташкил медиҳад, фурӯши молҳо ба Русия бошад дар соли гузашта ҳамагӣ 8% аз ҷамъи содироти Хитойро ташкил додааст. Аз ин лиҳоз Аврупо барои Чин хеле зарур аст ва Пекин наметавонад дар мулоҳизот ва амалкардҳои сиёсиаш назар ва мавқеи давлатҳои ин қораро сарфи назар кунад. Коршиносон бар ин боваранд, ки Макрон ва фон дер Ляйен маҳз барои гуфтани он мераванд, ки “Аврупо ҳамеша барои ҳамкорӣ бо Чин омода аст, вале пуштибонӣ аз Путин метавонад ҳамаи инро зери суол гузорад”.

Як мақомдори баландпояи дастгоҳи президенти Фаронса ба расонаҳо гуфтааст, ки “ба ҳама равшан аст, ки Чин шояд ягона кишваре дар дунё ҳаст, ки рафти ҷанг дар Украинаро ба фоидаи ин тараф ва ё он тараф ҳал карда метавонад. Аз ин лиҳоз мо кӯшиш ба он мекунем, ки бо Чин дар гуфтугӯ бошем, то масъалаи ҷанг дар Аврупоро дар кӯтоҳтарин муддат ҳал кунем”.

Гуфта мешавад, Чин ҳоло аз нуфузи хеле бузурге бар рӯи Русия бархӯрдор аст ва ин нуфуз ва таъсираш дар як соли охир боз ҳам боло рафтааст. Таҳримҳои Ғарб то ба андозае Русияро миёншикан намудаанд, ки иқтисоди Русия қариб ба пуррагӣ аз Чин вобаста  шудааст. Аз ин лиҳоз ғарбиҳо мехоҳанд, ки бигзор Чин аз ин фишанг истифода намуда, Путинро ба қатъи ҷанг ва ба сулҳ водор кунад. Зеро дар ҳарду ҳолат: ҳам дар ҳолати бурд ва ё ҳам ҳолати бохт Ғарб таҳримоти худро аз рӯи Русия намебардорад.

Ба навиштаи Reuters, як дипломати фаронсавӣ гуфтааст, ки “Чин метавонад тавозуни ҷангро иваз кунанд. Вале дар ҳолати пуштибонӣ аз Путин ва риоя нанамудани таҳримҳо ин ба маъное  талаққӣ хоҳад шуд, ки Чин хатти қирмизи моро убур мекунад”.

Баъзе коршиносони муносибатҳои байналхалқӣ бар ин назаранд, ки Чин алакай дар мисоли оштӣ додани Эрону Арабистони Саудӣ нишон дод, ки метавонад нақши як миёнарави ҳирфавиро иҷро кунад. Аз ин лиҳоз ҳам ҷониби Русия ва ҳам ҷониби Аврупо бар он умеданд, ки Чин онҳоро оштӣ дода, ҷангеро, ки Путин оғоз карда буд, Сӣ Ҷинпинг ба поён мерасонад. Вале мушкили сари он аст, ки Чин барои оштӣ додани тарафҳо ҳанӯз чандон аҷала надорад. Сиёсати хориҷии Чин хеле печ дар печ аст ва онҳо ҳамеша пас аз баррасиҳои тӯлонӣ мавқеъгирӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Украина Владимир Зеленский низ рӯзи 5-уми апрел соли 2023  бори аввал пас аз ҳамлаи Русия ба кишвараш ба Полша сафар намуд. Гуфта мешавад,  ӯ бо президенти Полша Анҷей Дуда масоили муҳиме, чун тақвияти кумакҳои низомӣ, пайвастани Украина ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва бозсозии баъдиҷангии шаҳрҳои валангоршударо баррасӣ мекунад.

Вале ба назари коршиносон, дар як замон иттифоқ уфтодани сафари президенти Фаронса ва роҳбари Иттиҳоди Аврупо ба Чин ва боздиди Зеленский аз Полша баёнгари омодагиҳо ба музокироти сулҳ бо Маскав аст.

Полша, қарори маълум, муттаҳиди аз ҳама наздики Украина дар ин муқовиматаш бо Русия ба шумор меравад ва маҳз Варшава бо истодагарии худ тавонист бисёре аз давлатҳои дудилаи Ғарбро ба идомаи пуштибонӣ аз набарди Украина ба зидди Русия мутақоид бисозад.

Дар ин росто, барои Зеленский фавқулодда муҳим аст, ки дар сурати музокирот бо Русия низ аз пуштибонии гарми Варшава ва дигар кишварҳои муттаҳид бархӯрдор бошад. Ин пуштибонӣ ба Киев имкон медиҳад, ки дар музокираҳо бо Маскав кам наояд ва ҳаққи худро талаб кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Нимчасавод, академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Ба назари банда, россия ба “ботлоқ”-и чуқури диктатураи низомӣ ғутидааст, баъди путин касе биояд, дар зеҳнаш ин аст: «кто в Кремле, тот главный», тавре соҳибназарон низ ишора мекунанд, ҳатто русҳои “либерал” ҳам ғурури империалистӣ (имперская амбиция) доранд, ки ин мусибати бузурги русҳост, барои мисол на Навалний, на Ходорковский на бақия “либералҳо” намегӯянд, ки Қрим моли ҳалоли Украина аст, Россия Қримро ғайриқонунӣ азхуд кардааст, бояд баргардонем, дар ин мавзӯҳо сукути комилихтиёр!!! Бояд бубинанд, дарк кунанд, ки дард куҷост, давош куҷост? Набояд барои табобати чашм, гавҳаракро берун бикашем!!! Аз ҷониби дигар, таърих шоҳиди ҳаводиси зиёди ғайриинтизор аст, шояд россия чун “агромная страна” суқут хоҳад кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button