ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН. ИН БОР ҲАМ МАРКАЗАШ ДАР МУРҒОБ

Шаби 4 апрели соли 2023, соати 20:59 ба вақти маҳаллӣ, Тоҷикистонро боз як заминларза такон дод. Бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, шиддати ин заминларза дар марказаш, дар  26-километрии шарқи маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Чин (Хитой) тибқи ҷадвали Рихтер 4,6 баллро ташкил дода, замин дар умқи 166 километр ларзидааст.

Маркази зилзиланигории Аврупову баҳри Миёназамин хабар дод, ки маркази ин заминларза дар 33-километрии шарқи Мурғоб ҷойгир шуда, шиддати офати табиӣ 4,7 балл буд ва замин дар умқи 169 километр такон хӯрдааст.

Дар бораи кадом талафот ё хисорот бар асари ин офати табиӣ гузорише ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 31 заминларза ва дар як соли охир 231 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли ҷорӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Комиссия ба хулоса омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шудаанд ва ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. 

Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар ёнаҳо ва теппаҳо сохта шудаву онҳо таҳкурсӣ ҳам надоштанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда ва муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button