ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

БА ЗИДДИ АДВОКАТИ ЗИНДОНӢ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ПАРВАНДАИ НАВ КУШОДААНД

Мақомоти тафтишотии ВКД-и Тоҷикистон нисбати Бузургмехр Ёров, ҳуқукшинос ва зиндонии сиёсии тоҷик парвандаи нави (чорум) ҷиноятӣ боз кардаанд. Дар ин бора рӯзи 5 апрели соли 2023 Бунёди “Бузургмеҳр”, як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки Ҷамшед Ёров, бародари адвокати зиндонӣ таъсис додааст, хабар дод.

Мақомот ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд, вале тибқи маълумотҳои ба Бунёди “Бузургмеҳр” расида, парванда бо иттиҳоми қаллобӣ моддаи 247 қисми 4 бандҳои «а» ва «б»-и Кодекси ҷиноятӣ ва дар асоси гӯё аризаи яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз карда шудааст. Ин модда ҷазоро дар намуди чарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад. Ин ҳолест, ки Бузургмеҳр Ёров, ки аз соли 2015 дар маҳбас қарор дорад, алакай ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст.

Бунёди “Бузургмеҳр” гуфт, моҳият ва чузъиёти амалҳое, ки тибқи он нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёров парванда боз шудааст, то хол аниқ ва муайян нест.

Мақомот миёнаҳои моҳи ноябри соли 2022 Бузургмеҳр Ёровро аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол дода буданд. Айни ҳол ин зиндонии сиёсиро то ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ва қарори ниҳоии Додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе гузарондаанд.
Модари Бузургмеҳр Ёров аз он шикоят дорад, ки дар Тоҷикистон ягон ташкилоти адвокатӣ, адвокатҳои шинохта ва ё ташкилотҳои чамъиятие, ки ба ҳимояти шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо адвокатҳо машғуланд, аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ ҳимояи писарашро ба зимма намегиранд.

Адвокате ки аз ҷониб давлат ба Бузургмеҳр Ёров ҷудо шудааст, дар мурофиаҳо ҳамагӣ як ё ду маротиба иштирок кардаасту халос.

Бунёди “Бузургмехр” гуфт, таъқиби шаҳрвандонро барои ибрози ақида, ки Сарқонуни Ҷумхурии Точикистон кафолат додааст ва дар мисоли он, оғози парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми бофтаи “қаллобӣ” нисбати Бузургмехр Ёровро маҳкум мекунад. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад ки ба таъқибу фишори адвокатхо, ки боиси махдуд гаштани фаъолияти онҳо ва, ба ақидаи Бунёди “Бузургмеҳр”, ҳатто аз байн бурдани ҳимояи сокинон шуда истодааст, хотима бахшанд.

Бузургмеҳр Ёров 9 июли соли 1971 дар оилаи адиби шинохтаи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ баъди як муддати кӯтоҳи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ дар миёнаи солҳои 90 ба кори адвокатӣ гузашт ва дар солҳои кораш дар Коллегияи адвокатҳои “Сипар”-и шаҳри Душанбе ба яке аз адвокатҳои шинохтаи Тоҷикистон табдил ёфт.

Бузургмеҳр Ёров дар гузашта дар чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла ҳамчун вакили дифои саҳомдорони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар пайи маҳкум ба зиндон шудани раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов, ва ҳамчун намояндаи хонаводаи Бурҳон Абдуллоев дар баҳсаш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев бар асари бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ширкат кардааст.

Бузургмеҳр Ёров ҳамчунин аз аъзои фаъоли ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Раҳматилло Зоиров буд ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 номзадиашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон гузошт, вале ӯро сабти ном накарданд.

Абрҳои сиёҳ болои сари Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш моҳи сентябри соли 2015 замоне ҷамъ шуд, ки ӯ ҳимояти роҳбарони боздоштшудаи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба ӯҳда гирифт ва барои ҳимояти онҳо ҳатто Кумитаи дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ташкил кард.

Дар поёни моҳи сентябри соли 2015 Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби мақомоти вазорати корҳои дохила бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 ӯро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ – қаллобӣ, даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, даъват ба ифротгароӣ ва сохтакорӣ ба 23 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров дар толори мурофиа баъди эълони ҳукмаш бо изҳори норозигӣ аз ин ҳукми шадид хитоб ба додрас ва айбдоркунандаи давлатӣ рубоии машҳури Абӯалӣ Ибни Синоро хонд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Ин рубоӣ сабаби боз як парвандаи дигар ба зидди ин адвокат бо иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ шуд ва моҳи марти соли 2017 ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров ду соли дигар афзуданд.

Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2017 бо иттиҳоми таҳқири президент ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров се соли дигар афзуда шуд ва ҳукмаш ба 28 соли зиндон расид.

Парвандаи таҳқири президентро ба зидди Ёровбар асоси як матлаби дар соли 2016 нашршуда дар сомонаи “Паём” бо номи “Адвокат аз президент болотар меистад”оғоз карда буданд. Мақолаи “Адвокат аз Президент болотар меистад” дар асл номаи Бузургмеҳр Ёров аз боздоштгоҳ ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гузоришгари СММ буда, дар ин нома ӯ аз як баҳси соли 2014 дар додгоҳи Шаҳритӯс (даъвои молики қаблии бозори “Ином” Бурҳон Абдуллоевбо додарарӯси президентМуҳибулло Саъдуллоев) ёдовар шудааст.

Ёров дар он баҳс гуфтааст, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, адвокат аз президент болотар меистад:”Дар прокуратураи н. Шаҳритӯс, вилояти Хатлон ва Прокуратураи Генералии ҶТ бо такя ба қонунҳои омӯхтаам, дурустии суханонамро тасдиқ намудам ва тамоми кормандони прокуратура ба ин ризо шуданд, ки дар ҳақиқат «Адвокат аз Президент боло меистад.”

Аммо додгоҳ ин ҳарфҳои ӯро ҳамчун таҳқири президент маънидод кард ва ба вай се сол ҳукми зиндон дод.

Бузургмеҳр Ёров парвандаашро сирф сиёсӣ ва таъқиб барои иҷрои вазифаи касбиаш мешуморад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҳуман Райтс Вотч, Афви байналмилалӣ ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия низ Бузургмеҳр Ёровро маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд ва чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бе қайду шарти ӯ ва дигар вакилони мудофеи зиндониро талаб кардаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои ин кишварро рад мекунанд ва мегӯянд, афроде, чун Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов ва Зайд Саидов, ки ҳомиёни ҳуқуқ онҳоро маҳбуси сиёсӣ меноманд, дар асл бо ҷурмҳои дигар, аз ҷумла барои қаллобӣ маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button