ВидеоДин ва боварҳо

51 ҲАЗОР СОМОНӢ (!!!) ҶАРИМАИ СОКИНИ ТАВИЛДАРА БАРОИ МАЪРАКАИ “ҲОҶИЗИЁРАТ”

Додгоҳи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) А.Ш., сокини 67-солаи деҳаи Тавилдараи ҷамоати Тавилдара ва падари 9 фарзандро бо ҷурми вайрон кардани қонуни танзими расму ойин ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ (!!!) ҷарима бастааст. Сабаби ба чунин маблағи ҳангуфт ҷарима шудани сокини солӯрдаи Тавилдара ин аст, ки ӯ аз рӯи касб муҳандиси сохтмонӣ ва соҳибкор будааст. Ҷазои соҳибкорон барои вайрон кардани қонуни танзим ҳатто аз мансабдорон ҳам сахттар аст.

Додгоҳи ноҳияи Сангвор дар сомонааш хабар дод, ки баррасии ин парвандаи маъмурӣ дар маҷлиси ошкори сайёри додгоҳӣ дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати Тавилдара таҳти раёсати раиси додгоҳи ноҳияи  Сангвор  Салимзода М.Д. баргузор шуд.

Бар асоси иттилои додгоҳи Сангвор, ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. санаи 23 январи соли 2023, тахминан соати 18-00 бар хилофи талаботи моддаи 12, қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст, амал намуда, дар манзили истиқоматии худ  дар деҳаи Тавилдара маъракаи ҳоҷизиёратро бо оростани дастархон дар се ҳуҷраи истиқоматӣ ва бо додани таъом гузаронидааст.

Худи  А.Ш. дар рафти мурофиа худро дар  вайрон кардани қонуни танзим пурра гунаҳгор шуморида, баёнот додааст, ки ӯ санаи 5 январи соли 2023 барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст. Баъди зиёрат, санаи 21 январи соли 2023 ба Тоҷикистон баргашта, рӯзи 23 январ ба ноҳияи Сангвор омадааст. Бегоҳии ҳамон рӯз, хешу табор ва ҳамдеҳагонаш, тахминан 25-30 нафар ба манзили истиқоматии ӯ бо мақсади ҳоҷизиёрат омадаанд. Аз рӯи нофаҳмӣ, ӯ ин шахсонро дар се ҳуҷраи истиқоматӣ бо оростани дастархон зиёфат додааст. Аз ин рӯ, ӯ худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида, афсус мехӯрад. А.Ш. аз суд хостааст, то нисбаташ ҷазои сабуктар таъин кунад.

Додгоҳ гуфт, гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз нишондоди худиқрории ӯ, ҳамчунин бо дигар маводҳои парванда, аз қабили; протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати А.Ш., қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёноти хаттии ҳуқуқвайронкунанда А.Ш., маълумотномаи ҷои зист ва ҳайати оилаи А.Ш., нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкор, суратлавҳа оид ба рафти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёноти хаттии шоҳидон Т.Ҷ.Қ., К.А., Ш.Ғ.И., Х.М.М., Б.А.Ҷ. ва дигар далелҳои дар қабати парвандаи маъмурӣ гирдовардашуда тасдиқ гардид ва додрас ӯро бар асоси моддаи 481, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ дар вайрон кардани талаботи қонуни танзим аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ гунаҳкор шумурдааст.

Додрас ҳангоми интихоб ва таъини намуд ва андозаи ҷазо, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолати содир намудан ва оқибатҳои ба вуҷудомадаи он, шахсияти гунаҳгор, вазъи оилавиашро ба назар гирифта, ба хулоса омад, ки  нисбат ба А.Ш ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 750(ҳафтсаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 51000 (панҷову як ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Назари худи А.Ш. дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button