Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ 10,5 ТОННА ПИЁЗ ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ТОҶИКИСТОН (5 АКС)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани кӯшиши қочоқи беш аз 10 тонна пиёз ба Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КДАМ ҶҚ, кормандони ин ниҳод дар вилояти Бодканд рӯзи 31 марти соли 2023 дар роҳи гирдгардони Ҷонибек – Марғун––Арқа, ки дар рӯбарӯи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ҳангоми интиқоли 10,5 тонна пиёз ба ҷумҳурии ҳамсоя се мошини боркаши тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер”-ро таҳти идораи сокинони ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд шаҳрвандони Қирғизистон Т.А.А., соли таваллудаш 1984, А.Б.А., соли таваллудаш 1993 ва Б.Т.Т., соли таваллудаш 1980, манъ карданд. Ҳарсе мошинро бо 10,5 тонна пиёз дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳаддии “Ӯртабуз” (қисми ҳарбии №2022) нигоҳ медоранд ва тафтиши ин қазия идома доштааст.

Мақомоти амниятии Қирғизистон арзиши пиёзи аз қочоқбарон гирифташударо беш аз 500 ҳазор сом, ё наздики 6 ҳазор доллар баровард кардаанд.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 140 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button