ВидеоИқтисодРӯйдодҳои Бадахшон

СОХТМОНИ ЯК РОҲ ВА ДУ ПУЛ ДАР ХОРУҒУ ШУҒНОНРО БА ШИРКАТИ ХИТОЙ СУПУРДАНД

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки тарҳи 31-миллиондолларии сохтмони як роҳ ва ду пул дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ширкати хитоии “China Road and Bridge Corporation” супурдаанд. Қарордод байни вазорати нақлиёт ва ин ширкат рӯзи 27 марти соли 2023 дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи  «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» қарордод оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба имзо расонида шудааст.

Ин лоиҳа бо сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ анҷом мешавад.

Бино ба иттилои вазорати нақлиёт, дар доираи лоиҳаи мазкур дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони як адад пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр бо бунёди роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр  дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар назар гирифта шудааст. Ҳамчунин бар асоси ин лоиҳа, дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон  сохтмони роҳи мошингард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ ба дарозии  550 метр  ва як пул ба дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.

Арзиши умумии лоиҳа 31, 283742,39 доллари ИМА-ро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.

Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии  Кореяву Қазоқистон «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳангоми имзои қарордод таъкид кардааст, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар мӯҳлати муайяншуда, тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда  ва бо ҷалби техникаҳои муосири пурқувват ва мутахассисони ботаҷриба иҷро карда шаванд.

Солҳои охир иҷрои аксари тарҳҳои бузург, бахусус сохтмони роҳҳоро дар Тоҷикистон ба ширкатҳои Хитой месупоранд. Аз ҷумла чунин тарҳҳои бузург, ба мисли  бунёди нақбҳои Шаршару Шаҳристон, тармими шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд Чаноқ, роҳи Душанбе Бохтар ва бунёди Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе ширкатҳои Хитой анҷом доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button