ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ДУЧАРХАРОНИ 12-СОЛА ДАР ДАНҒАРА ВА ДУЗДИҲО ДАР ХОВАЛИНГУ ПАНҶ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28.03.2023

Ба ҳалокат расидани дучархарони ноболиғ дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

114

26-уми марти соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-С240”, Садиров Аслиддин Бадурддинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи автомобилгарди деҳаи Хурамзамин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Мирзоев Абдураҳим Исмоилович, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Данғарро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Мирзоев А.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии мағозаи хурокворӣ

124

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 27-уми декабри соли 2022, тахминан соати 00:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пешсудшуда такроран даст ба ҷиноят зад

12

Баъзан нафарони ҷиноятпешаву фурсаталаб, барои амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ даст ба содир намудани ҷиноят мезананд.
Кормандони Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Панҷ дар асоси аризаҳои сокинони ноҳия шаҳрвандон Каримова Садбарг, Шодмонова Фаришта, Юнусов Хушвақт, Нуров Балаҷон ва чанде дигарон оиди аз ҷониби шахсони номаълум, бо тарики пинҳони дузда шудани маблағҳои пулӣ , маҳсулотҳои хурока, масолеҳои сохтмонӣ , асбобҳои барқӣ ва дигар ашёҳои рӯзгорашон, зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар сокини ноҳияи мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсиладуздиҳо дастгир намуданд.13
Шаҳрванд Зоидов Фахриддин, соли таваллудаш 1989 истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ , ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудаву фурсати на чандон зиёд аст, ки ба озодӣ баромадааст, боз чандест дар ҳудуди ноҳияи мазкур ба дуздии моликияти шаҳрвандон даст задааст.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ӯ дар 7-ҳолат ба ҷинояти дуздӣ даст доштаву ба шаҳрвандон зарари молиявӣ расонидааст.
Дар ҳолати ретсидивии ба ҷомеа хавфнок содир гардидани ҷиноят аз ҷониби гумонбар Зоидов Фахриддин ҷурми ӯро дар назди қонун вазнинтар намуда,ва ин нафари ҷиноятпешаро мебояд баҳои кирдорҳои содирнамудаашро пардозад.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244 қисми 2 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button