ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР КОБУЛРО БА ДӮШ ГИРИФТ (ВИДЕО)
Созмони террористии ДОИШ масъулияти ҳамлаи маргталабонаи хунини рӯзи 27 марти соли 2023 дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар шаҳри Кобулро бар дӯш гирифт. Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews бо такия ба изҳороти нашршуда дар яке аз пойгоҳҳои иттилоотии марбут ба ДОИШ хабар дод.
Бино ба иттилои сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон, бар асари худро дар назди бинои вазорат таркондани ҳамлагари маргталаб дастикам 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамлаи рӯзи 27 март, тақрибан соати яки рӯз рух додааст.
Ин алакай дуюмин ҳамлаи ДОИШ дар назди бинои вазорати хориҷаи Толибон дар Кобул дар соли ҷорист. Рӯзи 11 январи соли 2023 як маргталаби дигар худро дар байни издиҳоми кормандони вазорати хориҷа дар даромадгоҳи ин идора тарконд. Он ҳамла 21 кушта ба ҷо гузошт. Бахше аз кушташудагон дипломатҳо ва бахше муҳофизони вазорат аз ҳисоби нирӯҳои Толибон буданд.
Вақтҳои охир ҷангҷӯёни шохаи афғонистонии ДОИШ бо номи “ДОИШ-Хуросон” дар Афғонистон ҳамлаҳои худ болои сохторҳо ва мақомҳои режими Толибонро афзоиш додаанд.
Рӯзи 9 марти соли ҷорӣ як марталаб аз созмони террористии ДОИШ худро дар дохили бинои ҳукумати вилояти Балх дар шимоли Афғонистон тарконд. Дар натиҷаи он ҳамла волии аз сӯи Толибон таъйиншудаи вилояти Балх Муҳаммаддовуд Музаммил ва ду тани дигар кушта шуданд.
Идораи ҷосусии Толибон рӯзи 27 март шаҳрвандони Тоҷикистонро дар даст доштан дар қатли волии Балх айбдор кард ва гуфт: “Дар вилояти Форёб амалиёте баргузор карда шуд, ки дар натиҷаи он тамоми аъзои гуруҳи дастдошта дар ҳамла ба волии вилояти Балх дастгир карда шуданд <…> Дар ҷараёни ин амалиёт собит шуд, ки аъзои ин гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, чанде қабл барои анҷоми ин ҳамла ба Афғонистон фиристода шудаанд”.
Хадамоти ҷосусии Толибон ҳамчунин хабар дод, ки дар як амалиёти дигар дар вилояти Балх се узви ДОИШ, ки аз ҷумла роҳбарони созмони “ДОИШ-Хуросон”, бахши афғонистонии ин гуруҳи террористӣ будаанд, кушта шудаанд. Аз онҳо “Мавлавӣ Зиёвиддин, нафари дуюми ДОИШ, Абу Умар Афридӣ, як узви Шӯрои шохаи хуросонии ДОИШ ва Устод Салмони Тоҷикистонӣ, яке аз масъулони омӯзишҳои низомии ДОИШ” ном мебаранд. Дар бораи шахсияти “Устод Салмони Тоҷикистонӣ” маълумоти дигаре дар даст нест.
Толибон аз ин пеш дар чанд ҳамлаи дигари хунини террористӣ, ки масъулияти онҳоро ҳам ДОИШ ба дӯш гирифт, шаҳрвандони Тоҷикистонро айбдор карда буданд.
“доъиш”-ро сипоҳи посдорони эрон дар сурия, яман, ироқ, афғонистон, покистон ва ғайра роҳбарӣ мекунад. Эрон аз омадани толибон талхакаф шудааст, вагарна агар эрон ҷумҳурии “исломӣ” мебуд, чаро то ҳол толибонро табрик накарду ба расмият нашинохт? Агар касе хост эронро беҳтар бишносад, дар ютюб барномаҳои доктор абдураҳими муллозодаро тамошо кунад, эрон ва утоқи фикри эронро ба хубӣ мешиносад.