ВидеоМуҳоҷирон

АЗ КАЛУГАИ “МЕҲМОННОНАВОЗ” БОЗ 13 МУҶОҶИРРО РОНДАНД

муҳоҷирон ном баровардааст, боз 13 муҳоҷирро ронданд. Хадамоти приставҳои ин вилоят рӯзи 28 марти соли 2023 хабар дод, ки ин 13 нафарро ба фурудгоҳҳои Маскав бурда, 9 нафарро ба Ӯзбекистон, 3 нафарро ба Тоҷикистон ва якеи дигарро ба Молдова ихроҷ кардаанд. Барои ҳамаи ин 13 нафар барои 5 соли оянда убури марзҳои Русияро манъ кардаанд.

Дар моҳи март ин алакай дуюмин гуруҳи муҳоҷирон аст, ки аз вилояти Калуга ихроҷ карда мешаванд. Хадамоти приставҳои Калуга рӯзи 16 март дар бораи аз тариқи фурудгоҳҳои Маскав ба ватанашон ихроҷ кардани 8 муҳоҷири ӯзбек ва 4 муҳоҷири тоҷик хабар дода буд. Рӯзи 12 январи соли ҷорӣ бошад аз Калуга 12 муҳоҷир аз Ӯзбекистону Тоҷикистонро ихроҷ карда буданд. Ҳамаи ин муҳоҷирон низ барои 5 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, губернатори ҳозираи вилояти Калуга Владислав Шапша сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронро пеш гирифтааст. Дар давраи раҳбарии ӯ мақомоти вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят нафарони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор таъйин кардааст.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button