ВидеоҲуқуқи инсон

“КАМЕ МЕСУЛФИДАНД…” ДИДОРИ НАМОЯНДАГОНИ ОМБУДСМЕН БО 3 ЖУРНАЛИСТИ ЗИНДОНӢ

“Каме месулфиданд”. Намояндагони Омбудсмен барои ҳолпурсии Далеру Абдуллоҳ ва Завқибек ба зиндон рафтаанд

Муаллиф: Asia-Plus

Нафаре, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мулоқот кардааст, ваъда дод, ки оид ба вохӯрӣ ҳафтаи баъдӣ муфассал маълумот хоҳад дод.

Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар Муасисаи ислоҳии ЯС3/4 ё маъруф ба “Якум Советский” бо чанде аз журналистони маҳкумшудаи тоҷик, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ вохӯрда, аз шарту шароити нигоҳдории онҳо пурсон шудаанд.

Зилола Икромова, сармутахасиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Вакодатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, мулоқоти онҳо рӯзи 17-уми феврал, замоне, ки зиндониён ба таҷлили Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон омодагӣ медиданд, сурат гирифт.

Онҳо шахсан бо Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ суҳбат кардаанд ва рӯзноманигорон аз шарту шароит ва тарзи нигоҳдорӣ дар муассисаи ислоҳӣ шикоят накардаанд.

“Саломатиашон хуб аст. Аз рафти суҳбат маълум гардид, ки кам-кам месулфиданд ва касалии грипп ё шамолкашӣ доранд”, – гуфт Зилола Икромова.

Ӯ ҳамчунин, хабарҳо дар мавриди ба бемории сил гирифтор шудани Далери Имомалиро рад кард ва гуфт, агар ӯ бемории сил медошт, ҳаққи бо онҳо вохӯрдан надошт, чунки ин беморӣ гузаранда аст.

“Мо ғайричашмдошт Далеру Абдуллоҳу Завқибекро дар толори фарҳангии маҳбас дарёфтем. Онҳо ба чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ ҷалб шуда буданд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳайси баранда омодагӣ медид ва Далери Имомалӣ дар вафси Ватан-Модар шеър қироат мекард”, – гуфт ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Бояд гуфт, дар яке аз бахшҳои чорабинӣ Абдулло Ғурбатӣ мақоми аввалро соҳиб гардидааст. 

Намояндагони ин ниҳод, аз рӯи нақша бо рӯзноманигорони тоҷик дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон дар Муасисаи ислоҳии ЯС3/4 ё маъруф ба “Якум Советский” мулоқот кардаанд ва онҳо гуфтаанд, ки “аз шароити будубош шикоят надорем ва ба мулоқот бо оилаи худ ва дастовезҳо дастрасӣ дорем”.

“Онҳо гуфтанд, бо оилаҳояшон мулоқотҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат доштанд. Дар як ҳафта як ё ду маротиби бо муҳлати муайян тариқи телефони маҳбас бо наздиконашон дар тамос мешаванд. Дар масъалаи қабули дастовезҳо мушкилӣ надорем, гуфтанд”, – шарҳ дод Зилола Икромова.

Номбурда ҳамчунин, аз қавли рӯзноманигорон гуфт, онҳо тариқи корте, ки дар даст доранду наздиконашон ба он маблағ мегузаронанд, аз мағозаи маҳбас маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи лозимаро харидорӣ мекунанд.

Зилола Икромова иброз дошт, ки рӯзноманигорон дар робита ба шиканҷа дар маҳбас шикоят накарданд ва илова кард, ки раванди баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба ваколати онҳо дахл надорад, “чунки мо танҳо барои ҳифзи ҳуқуқи маҳкумшудагон дар муассисаи ислоҳӣ санҷиш гузаронидем”.

Дар хусуси рӯзноманигори дигар Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бошад, Зилола Икромова гуфт, ки шахсан бо ӯ вонахӯрдааст ва намояндагони дигари ин ниҳод шояд вохӯрда бошанд.

Нафаре, ки гуфта мешавад, бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода вохӯрдааст, дар суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” розӣ нашуд, ки дар ин масъала суҳбат кунад ва ваъда кард, ки рӯзи душанбе, 6-уми март дар суҳбати ҳузурӣ оид ба ин масъала маълумот медиҳад.Абдусаттор ПирмуҳаммадзодаАкс аз шабакаи фейсбук


Ин дар ҳолест, ки қаблан, масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфта буданд, оид ба шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода касе аз наздикони рӯзноманигори маҳкумшуда ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ муроҷиат накардаанд, вале “новобаста ба ин, нақша дорем давоми моҳи равон далели мазкурро санҷиш намоем”.

Бояд гуфт, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ бо гумони даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм боздошт ва моҳи декабри соли 2022 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид.

Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохта”-и мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16-уми феврали соли равон Абдуқаҳҳор Тағозода, додраси Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотии Додгоҳи олӣ гуфта буд, доир ба истифодаи шиканҷа нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода қарори додгоҳ қабул шуда, санҷиш гузаронида шуд, тасдиқи худро наёфт.

“Санҷишҳо нишон дод, ки шикояти ӯ асос надорад”, – гуфта буд Абдуқаҳҳор Тағозода.

Қаблан Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон баъди мулоқот бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО)  гуфта буд, ки онҳо “ба пизишк ва ёрии тиббӣ” ниёз доранд.

Ҳамчунин, бародари Завқибек Саидаминӣ  рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар саҳифааш дар “Фейсбук” хабар дода буд, ки “саломатиии бародараш хуб нест”.

Давоми соли гузашта чаҳор рӯзноманигори тоҷик, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ боздошт ва бо гумони ҳамкори бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button