ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СЕ ҒОРАТГАР ДАР ПОЙТАХТ ВА РӮДАКӢ, ЯК ЗАНИ ҚАЛЛОБ ДАР ФАЙЗОБОД ВА ДУЧАРХАДУЗД ДАР ИСФАРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.03.2023

Дастгир гардидани нафарони ғоратгар

97

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 21 ба 22-юми феврали соли 2023, тахминан соати 01:00, дар кӯча ҷавонони 20 ва 23-солаи сокинони пойтахт, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми”-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми феврали соли 2023, тахминан соати 19:00, шахсони ношинос, писари ноболиғи 14-солаашро дар ҳудуди деҳаашон зери лату кӯб қарор дода, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 375 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ба даст афтодани зани қаллоб

1644688454 1ad0e96d7c8989627f87102b2e2bb681

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки дар моҳи декабри соли 2022, зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 131 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағи гирифташро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 40-сола бо гумони дуздии дучарха

020

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 20-уми феврали соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз назди даромадгоҳи манзили истиқоматии марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад дучархаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button