ВидеоИқтисодНуқтаи назарТоҷикистон

АЗ “АРАБШО” ВА “ҒОЛИБ ШОУ” ТО УСМОНУ ҶОНОНИ ЛАБ. НАШРИ РӮЙХАТТИ БЛОГЕРҲОИ “БЕПАРВО”, Ё АНДОЗГУРЕЗ

“Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон 3 марти соли 2023 ду рӯйхатти сафеди сиёҳи “Блогерҳои боинсоф” ва “Блогерҳои бепарво”-ро нашр кардааст. Дар рӯйхатти сафеди  “Блогерҳои боинсоф” нашрия блогерҳои ба қавли Кумитаи андоз, бовиҷдонро баршумурдааст, ки худро расман дар мақомоти андоз сабти ном карда, андозашонро сари вақт месупоранд. Аммо дар рӯйхатти сиёҳи “Блогерҳои бепарво” исми онҳое оварда шудааст, ки ба навиштаи “Боҷу хироҷ”, то ҳол фаъолиятҳои блогерии худ дар Интернетро дар мақомоти андоз расман сабти ном накардаанд ва аз пардохти андоз барои ин фаъолиятҳояшон ҳамчунон саркашӣ мекунанд.

“Боҷу хироҷ” дар рӯйхатти сафедаш аз ҷумла аз Рафаэл Гулов ситоиш кардааст, ки соли 2022 барои фаъолиятҳои блогериаш 27 ҳазору 600 сомонӣ андоз супурдааст. Ҳамин тавр, Умеда Парсаева барои блогериаш соли гузашта дар умум 22 ҳазору 900 сомонӣ, Шоира Пулатова 5 ҳазор, Мансурҷон Нигматов 22 ҳазору 700 сомонӣ, Сафина Ғоибова 20 ҳазору 600 сомонӣ, Гулноза Мирова беш аз 10 ҳазор ва Диловар Сафаров 1500 сомонӣ андоз супурдаанд.

Вале пешсафон дар чемпионати андозсупорӣ дар байни блогерҳои инфиродӣ яке Алиҷон Сафаров аст, ки соли гузашта 31,1 ҳазор сомонӣ андоз супоридааст, ва якеи дигар  – Баҳром Саидов, ки дар як сол ба маблағи 135,1 ҳазор сомонӣ андоз супоридааст.

“Боҷу хироҷ” ҳамчунин чанд ширкати қиморбозиро низ барои супоридани андозҳояшон тавсиф кардааст. Аз ҷумла ҶДММ “Бурди Наврӯз” дар як сол ба маблағи 104,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ ”Каримӣ” ба маблағи 128 ҳазор сомонӣ андоз супоридаанд.

Аммо аз ҳама бештар ҷалби таваҷҷуҳ, албатта, рӯйхатти “Блогерҳои бепарво” мекунад, ки нашрияи “Боҷу хироҷ” дар ин рӯйхатти сиёҳ исми 29 блогереро баршумурдааст, ба ақидаи мақомоти андоз, аз пардохти андозҳояшон сарпечӣ мекунанд.

Ин рӯйхат блогерҳову ҳунармандони шинохтае, чун овозхон ва шоумен Мубориз Усмонов, блогер Ҷонон Ашӯрова, машҳур ба “Ҷонони Лаб”, шоир ва ровию шоумен Орзу Исоев, Саъдӣ Исмоилов аз гуруҳи “Арабшо”,  Шариф Ҳамдампур, медиамагнат ва муассиси гуруҳи расонаҳои “Оила”,  Беҳрӯз Зеваров (канали “Tamoshow”), Саидҷон Идиев (“Шакарханд”), Ғолиб Мӯсоев (“Ғолиб Шоу”), ки ахиран дар клипи Ёсамин “Ёри кӯлобӣ” нақши асосиро иҷро карда буд, ҳамчунин блогери машҳур Усмон Мирзомуродов (“Тоҷикон Шоу”), Аъзам Назриев (“ЗанҷабилБро”) ва боз чандин блогеру шоумени дигарро дар бар мегирад.

Кумитаи андоз гуфтааст, ки ин блогерҳо “бо вуҷуди аз ҷониби мақомоти андоз борҳо огоҳонида шудан, онҳо фаъолияташонро то ҳол ба қайди давлатӣ нагирифтаанд”. Кумита блогерҳоро ҳушдор додааст, ки барои сабти номи худ ба мақомоти андоз муроҷиат кунанд, вагарна “қонунгузории соҳаи андоз муқаррароти дигареро аз қабили механизмҳои гузаронидани корҳои назоратӣ ва татбиқи ҷаримаҳои маъмурӣ таъйин кардааст”.

Дар ҳамин ҳол, Орзу Исоев, шоиру журналист ва шоумени тоҷик, ки ки номи ӯ ҳам дар рӯйхатти сиёҳи Кумитаи андоз зикр шудааст, дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт,  “ин иштибоҳ аст” ва дар фаъолияти ӯ “ягон қонуншиканӣ нест”.

“Google ду сол пеш ба ҳамаи корбаронаш паём дод, ки дар муддати як моҳ нусхаи ҳуҷҷати андозсупорӣ ё сертификати соҳибкории худро равон кунанд. Касе фиристод, аз даромадаш маблағ ихтисор нахоҳад кард. Касоне, ки то муҳлати муқарраргардида нусхаи ҳуҷҷат нафиристод, тибқи қарордоди Google бо Тоҷикистон, аз ҳисоби даромадаш як миқдор маблағ кам карда мешавад”, – гуфт Орзу Исоев.

Дар Тоҷикистон аз соли 2020 мақомоти андоз аз блогерҳо талаб карданд, ки худро расман ҳамчун блогер сабти ном карда, андозашонро бисупоранд. Нашрияи “Боҷу хироҷ”  хабар додааст, ки то 1-уми феврали соли 2023 дар кишвар 60 блогери тоҷик худро расман сабти ном карда, тайи соли 2022 ба буҷаи давлат дар умум ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ андоз супоридаанд.

То кунун ягона нафаре, ки барои андоз насупоридан аз фаъолиятҳои блогериаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шудааст, журналисти ҷавон Далери Имомалӣ буд, ки соли гузашта ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Дар баробари чанд ҷурми дигар Далери Имомалӣ ҳамчунин ба он гунаҳкор дониста шуд, ки аз даромади каналаш дар Ютуб андоз насупоридааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button