ВидеоКоррупсияРӯйдодҳои Бадахшон

ЮСУФ РАҲМОН: ИФШОИ САБАБИ БАРКАНОРИИ ДОДСИТОНИ БАДАХШОН БАРОИ ҶОМЕА ЗАРУР НЕСТ

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 17 феврали соли 2023 дар нишасти хабарии додситонӣ хабари аз мақомаш барканор шудани додситон, ё прокурори вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Парвиз Орифзодаро тасдиқ кард, вале аз гуфтани сабаби барканории ӯ худдорӣ кард.

“Ин масъалаи кориву кадрии мо буда, ифшои он барои ҷомеа зарур нест. Мо ҳамеша прокуроронро дар шаҳру навоҳӣ таъину аз кор озод мекунем ва ин ҷо ягон чизи наве нест”, – гуфт Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Парвиз Орифзода дар аввалҳои моҳи феврали соли 2023 ба сабаби рафтори ношоистааш аз мақом барканор гардида, ба ҷои ӯ Назарзода Авазҷон Нарзуллоҷон додситони нави ВМКБ таъйин шудааст. Назарзода солҳои охир дар мақоми додситони шаҳри Хуҷанд ва аз он пеш ҳамчун додситони шаҳри Панҷакент кор мекард ва ҳамчун як прокурори ҳалолкор ва бопринсип ном баровардааст.

Бино ба сарусадоҳои бархоста, нисбат ба Парвиз Орифзода парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушодаанд. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки ӯро ба як силсила ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла фурӯши мошинҳои аз лидерҳои ғайрирасмӣ ва фаъолони ҳабсшудаи Бадахшон мусодирашуда айбдор мекунанд. Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ хабар дод, ки вақтҳои охир Парвиз Орифзода “зиёд менӯшид” ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст. “Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст”, – гуфтааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Номи Парвиз Орифзода, ки 47 сол дорад ва соли 1998 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2017 прокурори ноҳияи Ванҷ ва соли 2020 прокурори вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд, асосан дар рӯзҳои ҳаводиси хунини Бадахшон вирди забони расонаҳо шуд. Бар асоси ваъдаи мақомот ба эътирозгарони Хоруғ дар моҳи ноябри соли 2021, тафтиши парвандаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва ду сокини дигари Бадахшонро бояд маҳз додситонии вилоятӣ, идораи таҳти раҳбарии Парвиз Орифзода, таҳти назорати намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз “Комиссияи 44”, ки эътирозгарон интихоб карда буданд, анҷом медод. Аъзои “Комиссияи 44” тайи чанд моҳи фаъолияти худ аз Орифзода ва додситонӣ ҳамеша шикоят мекарданд, ки ҷиҳати муайян ва боздошт кардани қотилони ин се сокини Бадахшон коре намекунад ва карданӣ ҳам нест.

Дар моҳи майи соли 2022 мақомот мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро ин дафъа тавассути нирӯҳои вижа (“спетсназ) ва силоҳ саркӯб карданд ва садҳо тан аз сокинони ин вилоят бо иттиҳоми иштирок дар эътирозҳо, узвият дар гуруҳҳои ҷиноятӣ ва ҷурмҳои дигар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шуданд.

30 августи соли 2022 президенти Тоҷикистон даҳҳо тан аз иштирокчиёни амалиёти саркӯби эътирозҳои Бадахшонро бо ордену медалҳо ва рутбаҳои баландтар сарфароз гардонд ва Парвиз Орифзода низ соҳиби рутбаи мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 гардид, ки аз лиҳози мақом ҳамсангу баробари рутбаи генерал-майор аст.

Дар пайи дарёфти рутбаи генералӣ, бисёриҳо бар ин буданд, ки Парвиз Назарзода акнун роҳашро ба мансаби боз ҳам баландтаре дар сохторҳои додситонӣ ҳамвор кардааст. Вале ҳамагӣ ним сол баъди дарёфти рутбаи генералӣ Парвиз Орифзода аз мансаб маҳрум шуд ва тавре ба назар мерасад, ба карйераи худ нуқтаи таммат гузошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Профессор Академик Ҳасан Абдуғаффор гуяд:

    Агар халқ интихоб ва таъин кунад, содиқона ба халқу ватан хизмат мекунанд, агар президент интихоб ва таъин кунад, хизмати хирсона мекунанд. Ишқу муҳаббат ба пулу мол инсонро ҳам куру ҳам кар ва ҳам ҳаромхӯру ғафсу фарбеҳ мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button