ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

5 ЗАМИНЛАРЗА ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ (!!!) ДАР ДУ БАДАХШОН ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Тайи як шабонарӯзи ахир дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон якбора 5 заминларзаи иқтидорашон аз 4,1 то 4,7 балл тибқи ҷадвали Рихтер бистари Заминро такон додааст.

Бино ба иттилои Маркази зилзиланигории Аврупо ва баҳри Миёназамин, охирин заминларза аз ин силсилаи офатҳои табиӣ шаби якшанбе, 5 феврали соли 2023, соати 02:24 ба вақти Душанбе  рух дода, иқтидори ин офати табиӣ дар марказаш 4,3 баллро ташкил додааст. Гуфта мешавад, маркази ин заминларза дар 34-километрии ҷанубушарқи шаҳри Хоруғ, шаҳре бо ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ ва маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир шуда, замин дар ин ҷодар умқи 113 километр ларзидааст.

Дар бораи кадом хисороту қурбонӣ бар асари ин офати табиӣ гузорише ба даст нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи зилзиланигории Еarthquaketrack.com хабар дод, ки рӯзи шанбе, 4 феврали соли 2023 дар шарҳи Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамсоя боз 4 заминларзаи дигар сабт шуда, марказҳои ҳамаи онҳо дар қаламрави вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудаанд.

Ин силсилаи заминларзаҳо дар ин минтақа субҳи барвақти 4 феврал бо ду заминларзаи иқтидорашон 4,2 ва 4,3 балл оғоз ёфт. Марказҳои ин ду офати табиӣ дар наздикиҳои Ишкоҳим ва Ҷурм ҷойгир шуда буд. Дар нимаи дуюми рӯзи шанбе, 4 феврал, дар фосилаи якуним соат – соатҳои 15:47 ва 17:23  ба вақти Душанбе дар ҳамон Ишкошим ва Хандуд, маркази вулусволии Вахон боз ду заминларзаи дигари қудраташон 4,1 ва 4,7 балл сабт шудааст.

Дар бораи кадом хисорот ё қурбонӣ дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ низ ҳанӯз хабаре аз он минтақаҳои дурдаст ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар ду рӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 5 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як моҳи охир 15 заминларза ва дар як соли охир 205 заминларзаро сабт кардаанд.

10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод, аксаран кӯдакон, ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона вайрон шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button