ВидеоМуҳоҷирон

ПИСАРИ ДАР РУСИЯ БЕСАРОБОНМОНДАИ САЙЁРА ДУСАЕВАРО БА ВАТАН ФИРИСТОДАНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки бинобар бесарпаноҳ монданаш ноболиғ Дусаев Абубакр Юсуфович, соли таваллудаш 28.01.2015  фарзанди шаҳрванд Дусаева Сайёра Эсановна, рӯзи 24 январи соли 2023 бо мусоидати Хадамоти консулии сафорат ба Ватан баргардонида шуд.

Сафорат гуфт, ҳуҷҷатҳои заруриро барои Абубакр Дусаев омода карда, барои фиристодани ӯ ба назди хешу табори наздикаш ба Ватан мусоидат кардааст.

Дар иттилоия таъкид шудааст, ки қазияи модари ноболиғ таҳти пайгирии сафорат қарор дорад.

Сайёра Дусаева, модари Абубакр, ки дар як ошхонаи таомҳои гурҷӣ дар шаҳри Митиши дар канори Маскав кор мекард, рӯзи4 январи соли 2023 бо иттиҳоми куштани ҳамкораш, ошпази ошхонаи “Хинкалная Тбилисо” ба ҳабс гирифта шуд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва додситони кул Юсуф Раҳмон бо ирсоли дархостҳои расмӣ аз мақомоти Русия тафтиши одилонаи қазияи Сайёра Дусаевро талаб карданд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки Сайёра Дусаева дар посух ба таҳқиру латтукӯб ва паст задани шаъну эътибораш аз тарафи ошпази гурҷӣ ба даст корд гирифта, аз номуси худ ҳимоят кардааст.

Даҳҳо нафар аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки Сайёра Дусаеваро беҳимоят нагузоранд ва аз ӯ дифоъ кунанд, то ки ба маҳзи бесоҳибӣ дар Русия “говсуд” нашавад.

Бино ба иттилои нашрияи “МК”, чопи Маскав,  куштор  дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ бо номи “Хинкальная Тбилисо” дар шаҳри Митишии вилояти Маскаврӯзи 4 январ, соати 16, вақте рух дод, ки ошпази 50-солаи гурҷӣ Нугзар (номаш иваз карда шудааст) дар ошпазхона қарор дошт.  Ӯ аз замони оғози кори “Тбилисо” дар тирамоҳи соли 2022 дар инҷо кор мекард. Ҷавонзани тоҷик, ки 3 ило 4 ҳафта боз дар инҷо барои шустани зарфҳо ба кор гирифта шуда буд, низ он лаҳза дар ошпазхона буд.

Ба гуфтаи ҳамкоронаш, Сайёра модари танҳо буда, баъди фавти шавҳари аввалаш худаш ба танҳоӣ фарзанди ягонаашро тарбия мекард. Писари ӯ имсол ба синфи як рафта буд. Ба гуфтаи ҳамкорон, Сайёра зани хуб буд ва қаблан ягон бор бо касе ҷанҷол накарда буд. Дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.

Муноқишаи байни Сайёра ва ошпаз, ба гуфтаи шоҳидон, аз як шӯхии ноҷои ошпаз нисбат ба зани тоҷик сар шуд. Ба болои ин, Нугзар бо дастонаш Сайёраро аз як ҷои нармаш доштааст, ки ин дар фарҳанги мардуми мусалмон, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳамчун таҳқир қабул мешавад.

Сайёра дар пайи ин ошпазро дашномборон кардааст, ӯ ҳам бо лаҳни бад ҷавоб додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Нугзар сари қаҳр берун рафт, ки сигор бикашад, вале дар роҳ ба ёдаш расид, ки сигорашро бо худ нагирифтааст. Ӯ боз ба ошпазхона баргашт ва ҳарчанд ҳамкорон аз вай хостанд, ки то ором шудани Сайёра ба онҷо надарояд, вай даромад ва ҷанҷоли онҳо аз нав аланга гирифт ва ин дафъа ба мӯкашию латтукӯб печид.

Дар сабти видеокамераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда, ки порае аз ин сабтро канали “112” дарёфт ва нашр кардааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш меафтад ва аз ҳуш меравад.

Баъди ин аз ошпазхона фарёд мекашанд, ки “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кунед. Сайёра бошад зуд либосашро пӯшида, қаҳвахонаро тарк кардааст.

Вақте “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷои ҳодиса расид, Нугзар беҳуш дар рӯи фарш хобида буд. Вале талоши наҷоти ӯ натиҷа надод: у ба ҳуш наомада, ҷон бохт. Табибон дар бадани ӯ чанд захми кордро пайдо кардаанд. Азбаски шоҳидон зиёд буданд ва сабти видеокамераи назоратӣ низ ҷараёни ҳодисаро сабт карда буд, кормандони пулис  шахсияти қотилро зуд муайян карданд ва алакай баъди ягон соат Сайёра Дӯсаеваро дар ҳамон Митиши, дар назди даромадгоҳи хонае, ки иҷора менишаст, дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button