ВидеоКоррупсия

ОШКОР ШУДАНИ 14 МИЛЛИОН СОМОНӢ КАМОМАД ДАР ДАВРАИ РАИСИИ ШАРИФ САМӢ

Бино ба иттилои манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҷараёни тафтиши фаъолияти мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар соли 2022 камомад ба маблағи бузургро ошкор кардаанд. Дар рафти тафтиш, ба гуфтаи ин манобеъ, маълум шудааст, ки дар давраи раисии ин ноҳияро бар уҳда доштани Шариф Самӣ дар тӯли соли 2022 тавассути ДЭУ, ё раёсати нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҷмӯъ 14 миллион сомонӣ, ба қавли маъруф, “обу лой” шудааст.

“Аз ин маблағ, бино ба хулосаи муфаттишон, 5,5 милллион сомониро умуман бидуни баргузор кардани ягон тендер “аз худ” кардаанд. Худи Шариф Самӣ рӯзи 10 январ аз мақом барканор карда шуд ва ҳоло кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дар робита ба ин масъала роҳбарони ДЭУ ва раёсати молияи ноҳияи Исмоили Сомониро кашокаш доранд. Онҳо алакай чанд маротиба даъват шуда, пиромуни тақдири ин миллионҳо сомонӣ баёнот доданд. Як саволи асосӣ ҳамин аст, ки чаро ин қадар пул гӯё барои таъмини роҳҳо “аз худ” карда шудааст, вале вақте барф зад, масъулон ҳатто намаки кофӣ наёфтанд, ки роҳҳои барфпӯшу яхбастаро намак бипошанд?” –  хабар дод рӯзи 25 январи соли 2023 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” як манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтишот.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, санҷиши фаъолияти мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 низ камомад ба маблағи 18 миллион сомониро ошкор карда буд, вале Шариф Самӣ ва дигар мансабдорони зидахл он дафъа бо истифода аз нуфуз ва воситаҳои худ тавонистанд як қисми он маблағро барқарор карда, қазияро хомӯш кунанд.

Тафтиши фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия бо дархости худи шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ оғоз ёфтааст. Хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 10 январи соли 2023, иттифоқан дар рӯзи барканории раисони якбора се ноҳияи пойтахт, хабар дод, ки “Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2022 дархост ирсол намуд”.

Рӯзи 10 январ, дар рӯзи аввали барфрезиҳои шадид ва ба таври бесобиқа сард шудани обуҳаво, Рустами Эмомалӣ якбора раисони се ноҳияи пойтахт: Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Сино ва Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсиро аз мақомҳояшон барканор кард. Фармонҳои президент дар бораи барканории онҳо рӯзи 11 январ ба имзо расид. Манобеи “Бомдод” хабар дода буданд, ки дастикам яке аз инҳо: Шариф Самӣ аз мақоми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳз ба далели ноуҳдабароияш дар рафъи оқибатҳои барфрезӣ дар маркази пойтахт барканор шудааст.

Як манбаи “Бомдод” гуфта буд: “Рӯзи 10 январ, тақрибан нимрӯзӣ, корвони мошинҳои Рустами Эмомалӣ аз Қасри Миллат берун шуда, ба ҷои кораш бармегаштанд, вале дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази пойтахт яке аз мошинҳои корвони Рустами Эмомалӣ дар барф дармондааст. Мошинҳои “ҷип” гузашта рафтаанд, вале ин мошин, ки мошини оддӣ буд, дар барф дармондааст ва муҳофизони Рустами Эмомалӣ аз мошинҳо фаромада, бо даст барфи роҳро тоза карда, ин мошинро телакунон аз банди барф озод кардаанд. Баъди ба ҷои кораш баргаштани Рустами Эмомалӣ, тахминан соати 14 ёвар ва раиси дастгоҳи ӯ ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ занг зада, аз норозигии шаҳдор аз кори ӯ хабар медиҳанд ва мегӯянд, “метавонед чизу чораатонро ҷамъ карда, биравӣ. Дигар ба фаъолияти шумо зарурат нест”.

Шариф Самӣ бегоҳи 10 январ кормандони ҳукумати ноҳияҳоро дар наздаш ҷамъ карда, ҳамаро аз барканор шуданаш хабардор кардааст ва чизу чораашро ғундошта, ҷои корро тарк кард. Як рӯз баъд бо фармонҳои президент Шариф Самиро ба нафақа фиристода, ба ҷояш Руслан Қодирзодаро, ки қаблан муовини раиси ноҳияи Сино буд, таъйин карданд.

Шариф Самӣ (Шарифхон Самиев) 22 апрели соли 1957 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, аз кадрҳои собиқадори ҳукумати кунунии Эмомалӣ Раҳмон ва аз “кадрҳои ғарқнашавандаи ҳукумат” ба шумор мерафт, чунки дар давоми қариб 30 сол дар мансабҳои гуногуни баланд кор кардааст. Шариф Самӣ аз ҷумла солҳои 1995-1999 муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 1999-2002 муовини раиси ширкати «Барқи Тоҷик» ва муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон, солҳои 2002-2005 раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва сипас, солҳои 2005-2006 раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.

Шариф Самӣ солҳои 2006-2009 раиси «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 раҳбари нирӯгоҳи Норак буд ва аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси раиси шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 2014 то 2017 мудири муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд ва бо фармони президенти Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Исми Шариф Самӣ моҳи ноябри соли 2022 дар робита ба занозании писарони мансабдорон дар як тарабхонаи пойтахт расонаӣ шуда буд. Шаби 11 ноябр Зафарҷон Самӣ, писари Шариф Самӣ, ки  дар мақоми раҳбари толори VIP-и фурудгоҳи Душанбе кор мекунад, дар ҷараёни як муноқиша дар як тарабхона дар маҳаллаи 112-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3 зарбаи корд хӯрд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Зафарҷони Самиро барои “гап партофтан” ба ҳамсари як тоҷири мошин задаанд. Дар пайи дахолати набераи президент Исмоили Муҳаммадзоҳир, Шариф Самӣ ва писараш аз даъвои худ гузаштанд, вале Шариф Самӣ, ба гуфтаи афроди огоҳ, дар чанд ҷо норозигӣ кардааст, ки “набераи президент як ғармиро аз мо боло донист”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button